Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ модари Ҷалилов Ҳасанҷон, ки   донишҷӯи донишкада асту ҳамзамон маъюби гурӯҳи дуюм мебошад ба ҳузур пазируфт. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ арзи модари донишҷӯро шунида, ба масъулин супориш дод, то аз рӯйи имкон ба донишҷӯи мазкур кӯмак намоянд.

Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта сурат мегирад ва шаҳрвандон метавонанд тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ба қабули ректор ва муовинон роҳ ёбанд.

Шуъбаи иттилоот