ДКМТ бо корхонаҳои саноатӣ ҳамкорияҳояшро зиёдтар мекунад

Устоди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Раҳимов Ҳаётқул Шифоқулович дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳри амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат ва татбиқ гардонидани “Лоиҳаи мукаммалгардонии бакалавриат аз рӯи ихтисоси 420101-0104 (металлургия металлҳои ранга дар асоси стандартҳои Ташаббуси Байналхалқии CDIO шурӯъ аз 28-уми ноябр бо як қатор раисони ноҳияҳо ва роҳбарони корхонаҳои азими саноатии кишвар машаварату мулоқотҳои судманд ҷиҳати таъмин намудани ҷойи корӣ ба хатмнкунандагони донишкада ва омӯзиши талаботи бозори меҳнат вохӯрӣ анҷом дод.

Ҳини сафар намояндаи донишкада аз корхонаҳои  ҶСП “Талко” дар шаҳри Турсунзода, ҶДММ КМ “Зарафшон” дар шаҳри Панҷакент, КВД “Комбинати металлургии Тоҷикистон” дар шаҳри Ҳисор, ҶДММ “Пакрут” дар шаҳри Ваҳдат, ҶСП “Талко голд”, ҶДММ КМ “Анзоб” ва ҶСК “ТВЕА” дар ноҳияи Айнӣ дидан намуда, аз ҳолати корхона ва тарзи коргузории ин ширкатҳо бохабар гардида, баҳри ҳамкорӣ ва таҳвили донишҷӯён ба ин ширкатҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Зимни вохӯрӣ ва дидору бозбинӣ аз корхонаву муассисаҳои саноатии мамлакат Раҳимов Ҳ.Ш. дар доираи барнома аз вазъи корхонаҳо ва талаботи коргоҳҳои саноатӣ ба мутахассисон огоҳ шуда, ҷиҳати беҳтар намудани стандарти истеҳсолот ва таъмин намудани бозори меҳнат ва корхонаҳо бо мутахассисони баландтаҷриба ва дорои малакаву дониши баланд ба ҳайати мудирон ва роҳбарони коргоҳҳо машварату маслиҳати муфид дода, изҳор намуд, ки баҳри пешрафти корҳои истеҳсолӣ пешниҳоди ҳамкории корхонаҳоро бо Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикиситонро муҳим шуморид.

Шуъбаи иттилоотӣ

Раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода М.Қ

Вохӯрӣ бо роҳбарият ва мутахассисони корхонаи  ҶДММ “Пакрут”

Сардори минтақаи якуми КМ “Зарафшон” Раҷабов Алишер

Ҳакимов Абдураҳмон муовини роҳбари омодасозии кадрҳои корхонаи муштараки Анзоб