ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШГАРОНИ ДОНИШКАДА

Камоли ифтихор аст, ки донишҷӯёни донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар тадбирҳои варзишии миқёси вилояти Суғд фаъолона ширкат намуда дастболо мешаванд.

Аз ҷумла дар сабқати самбо Самсон Сабралиев ва Хуршеди Холзода дар вазнҳои 74 ва 62 барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд шарафёб гардиданд.

Дар гӯштини тарзи озод Зикрулло Бегов ва Шаҳобиддин Холов ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Дар масофаи давидан ба масофаи 1500 метр У.Олимов ғолиб омад.

Ҳамчунин дар бозии футбол дастаи мунтахаби донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба яке аз ҷойҳои намоён ноил гардид.

Айни замон тамрини дастаҳои варзишгарони донишкада идома дорад.