Дарси амалии донишҷӯён дар ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”

Имрӯз, зери роҳбарии омӯзгори кафедраи металлургия Раҳимов Ҳаётқул донишҷӯёни бахши дуюми ихтисоси металлургияи металлҳои ранга дарси амалии хешро аз фанни “Муқаддимаи ихтисос” дар ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” гузарониданд. Донишҷӯёнро дар ин сафар сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек ҳамроҳӣ намуд.

Донишҷӯён дар коргоҳи мазкур аз ҷараёни кор, ҳолати озмоишгоҳ, ҷараёни истеҳсолот огоҳ гардида, бо ҳолати воқеии истеҳсолот мавзӯи дарси хешро аз худ намуданд.

Шуъбаи иттилоот