Дарси кушоди профессор Олимов Абдумалик

Дирӯз, тибқи нақшаи кафедраи геология ва корҳои нафту газ дарси кушоди яке аз олимони варзида, собиқадори истеҳсолот, олими сермаҳсул ва пуртаҷриба профессор Олимов Абдумалик аз фанни “Ҷамъоварӣ ва омодасозии маҳсулоти чоҳҳои газӣ” дар мавзӯи “Одоризатсияи газҳо” ба донишҷӯёни ихтисоси 510202 -и бахши чаҳорум баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи мазкур олими ҷавон Мирбобоев Шӯҳратҷон иттилоъ дод.

Профессор Олимов А.А. ба донишҷӯён аз таҷрибаи хеш нақл намуда, сипас мавзӯи дарсро тавсир сохта, ба онҳо донишҳои бештарро бо нишон додани амалия фароҳам сохт. Донишҷӯён аз тарозуҳои аналитикӣ дидан намудан

Дар вақти гузаронидани дарси кушод аз таҷҳизоти истифодашаванда, намунаи таҷҳизотҳо ва проектору дигар лавозимот истифода карда шуд. Зимни шунидани мавзӯъ донишҷӯён фаъолона ба дарси иштирок намуда ба профессор суолҳо дода, посух шуниданд ва аз дарс хеле хушҳол гардиданд.

Донишҷӯён дар ҷараёни дарс аз таҷрибаҳои профессор Олимов А.А. истифода намуданд.

Дарсро Мирбобоев Ш.Ҷ. мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон ва ба Олимов А.А. ки зиёда аз 30 сол дар истеҳсолоти саноати нафти ҶМДММ “Петриолум Суғд” фаъолияти корӣ намуда,  барои пешравии саноати кӯҳӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи муҳандисӣ нафтчӣ арзанда гузошта истодаанд, ҳамчунин баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани дарси кушод изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аксарияти дасрҳои кушоди омӯзгорон бо ширкати намояндагони дигар шуъбаву кафедраҳо баргузор мегардад ва дар он баҳсҳои ҷолиб низ ба мушоҳида мерасад.

Шуъбаи иттилоот