Таҷлили 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони донишкада чорабинии идона бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои бунёдгузоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, асосгузори Артиши миллӣ будани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо фактҳои таърихӣ ва раднашаванда исбот намуд.
Сипас, аз ҷониби раиси Иттифоқи касабаи донишкада дотсент Давлатов Давлатмаҳмад ба омӯзгорони фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар интиҳо барои ҳозири чорабинии фарҳангӣ- фароғатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.