Имрӯз, дар хобгоҳи Донишкада чорабинии бошукуҳ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон чорабиниро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба гиромидошти забони давлатӣ, нақши забони давлатӣ дар рушди илму маориф, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гиромидошти забони тоҷикӣ сухан гуфт.
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза муовини КИ ҲХДТ Бобоев Маҳмадалӣ, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳро, омӯзгорони ҳамин кафедра дотсент Мулоохун Сафарзода ва Сурма Силмонова суханронӣ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи рушду нумуи забони давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ чанд нуктаро иброз намуданд.
Таъкид карда шуд, ки забони давлатӣ рукни асосии соҳибистиқлолии давлат буда, эътирофу шинохти давлат аз ҷониби кишварҳо ва шарикони байналмилалӣ маҳз аз ин падида оғоз меёбад. Аз ин рӯ, дар шароити ҷаҳонишавӣ софу бегазанд ва беолоишу устувор нигоҳ доштани забони модарӣ, ки заминаи муҳим ва асосӣ дар устувории пояҳои истиқлоли миллӣ мебошад, вазифаи ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвари азизамон мебошад. Забони тоҷикӣ нишонаи тамаддуни волои миллати тоҷик ва ҳастӣ мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.
Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст.
Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд”.
Дар фарҷом, донишҷӯён дар бораи забони тоҷикӣ, мақоми он, гиромидошти ин забони ноб шеъру таронаҳо қироат намуданд.
Шуъбаи иттилоот
