Омӯзгорони арҷманду иззатманд,
Муҳтарам аҳли илму маориф ва адаб,
Боиси хушҳоливу фархӯндарӯзист, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ҳамасола якуми моҳи октяб дар тамоми кишвар Рӯзи омӯзгорон бо шукуҳу шаҳомат ва ифтихору сарфарозӣ таҷлил карда мешавад.
Баргузории Рӯзи омӯзгорон дар саросари мамлакатамон намунаи волои эҳтиром ва қадршиносии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошу заҳматҳо, азму иродаи қавӣ ва ҷаҳду ҷонфидоӣ дар роҳи тарбияи насли ҷавон бар ояндаи дурахшон ба ҳисоб меравад.
Ба ин муносибат тамоми омӯзгорон ва аҳли илму маорифро самимона табрику таҳният гуфта, барояшон қабл аз ҳама тансиҳатӣ, сарбаландиву саодатмандӣ ва комгориву музаффарият дар ҷодаи таълиму тарбияи насли ҷавон таманно менамоям.
Воқеан ҳам дар замони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар давра ин соҳа бамаротиб рушд намуд ва ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Дар ин давра ба таълиму тарбияи насли ҷавон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба марҳилаи нави рушд расида, дар ин давра ғамхории беандоза нисбати омӯзгор равона гардида, мақому манзалати омӯзгор бо қонуни алоҳида баланд бардошта шуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати шабонарӯзии омӯзгоронро баҳои баланд дода, чунин гуфтаанд: “Маҳз омўзгор ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа буда, қодир аст, ки насли ҷавонро дар рўҳияи ватандўстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳамчун ояндаи давлату миллат ба камол расонад”.
Дар ҳақиқат кори омӯзгор, касби омӯзгорӣ заҳмати зиёд ва пешаи бениҳоят масъулиятнок мебошад. Маҳз омӯзгор машъалафрӯзи чароғи маърифати миллат мебошад ва дар миёни ҷомеа соҳиби обрӯву мақоми баланд аст. Миллати тоҷик ҳамеша омӯзгорро эҳтиром намуда, иззату эҳтироми устодро яке аз масъулиятҳои ҳатмии шаҳрвандӣ арзёбӣ намудааст. Омӯзгор дар фарҳанги мо ҳамчун роҳнамо, роҳнишондеҳ ва хирадманду маърифатдон, илмомӯзу асроркушои масири дониш муаррифӣ мегардад ва аз ҳамин ҷост, ки дар ҷамъият муҳимияти кори омӯзгор махсус таъкид карда мешавад ва дар ҳама давру замон ишора ба эҳтироми омӯзгор ҳаст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият ба кори омӯзгор баҳои баланд медиҳанду нақши устодро дар сохту сози ҷомеаи мутамаддин муҳим дониста, арз намудаанд, ки «омўзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрўзу фардои ҳар як кишвару ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ў вобаста аст. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омўзгорон саҳмгузоранд».
Инсон ҳамеша дар ҳаёт ба омӯзгор, устод ниёз дорад ва ҳар муваффақияте одамӣ ба даст меоварад аз тарбияву машварати омӯзгор аст. Дар ҳама давру замонҳо ба устод ва заҳматҳои шабонарӯзияш эҳтиром мегузоштанд ва ҳамеша қадршиносӣ аз заҳмати ӯро муҳим мешумориданд ва дар пешрафти ҷомеаи имрӯзӣ низ саҳми омӯзгор хеле ҳама беназир мебошад.
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест,
Кошифӣ
Боварии комил дорем, ки ба заҳмати устод, талошу кӯшишҳои ӯ, меҳнати софдилонаи омӯзгорон ҷиҳати тарбияи насли ҷавони саодатманду масъулиятшинос, меҳнатдӯсту ватандӯст баҳои баланд дода мешаваду омӯзгорон низ дар навбати худ барои сохтани ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта ҳамеша талош хоҳанд кард ва саҳми пурарзиши херо гузошт. Умед мебандем, ки омӯзгорони арҷманди мо баҳри тарбияи насли боз ҳам фаъолу ҳушманд барои сохтани ояндаи ободу дурахшон хидматҳои хешро дареғ намедоранду дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат саҳми худро мегузоранд.
Бори дигар ба тамоми омӯзгорони иззатманд ин рӯзи касбиро табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият, саодатмандӣ ва тансиҳативу сарбаландӣ таманно менамоям.
Иди касбӣ хуста бод, омӯзгорони азиз!
Бо эҳтиром,
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлатзода Давлат
