Имрӯз, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон, ҷиҳати хидматҳои шоён ва саҳми арзишманд дар рушди соҳаи илму маориф, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон устод Давлатзода Давлат бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, ки устодро ба ин қадршиносӣ табрику таҳният гуфта, барояшон барору комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ректори муҳтарам устоди иззатманд Давлатзода Давлатро ба ин дастоварди воло, қадршиносии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон қабл аз ҳама тансиҳативу саодатмандӣ, сарбаландиву музаффарият таманно менамояд.
Ректори Донишкада аз пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои рушди соҳаи илму маориф, пешбурди корҳои таҳқиқотӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, масъулиятшиносиву меҳандӯстӣ, омодасозии мутахассисони варзидаи соҳаи саноат, саҳми арзишманд гузоштааст.
Бори дигар қадршиносии воло -Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад устод Давлатзода Давлат!
