Осими Оқил бо хатмкунандагони шаҳри Истиқлол вохӯрда аз имкониятҳои донишкад гуфт

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи ректори  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ баҳри гузаронидани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати   қабули довталаб барои соли тањсили 2021-2022 санаи 18.02.2021с.  омӯзгорони донишкада н.и.т., мудири кафедраи КККФ Осими Оқил ва  мутахассиси пешбари раёсати таълим Боев Муродбек Бекмањмадович ба  мактабњои тањсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол сафарбар карда шуданд.

 Дар МТМУ – и шаҳри Истиқлол бо хатмкунандагон суҳбат намуда, оиди интихоби касб, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартарияти ихтисосҳои равияи куҳӣ-металлургӣ ва инчунин маълумотномаи мухтасар дар бораи корхонаҳои саноатие, ки дар кишвар фаъолият менамоянд изҳори ақида карда шуд. Барои ҳар як хатмкунанда, буклет – маълумотномаи муфассал дар бораи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва ихтисосҳои он, ки бо забони тоҷикӣ тартиб дода шудаанд, тақдим карда шуд. Довталабон вобаста ба шароити таҳсил дар донишкада бо устодон суҳбатҳо анҷом доданд.