Вохӯрии хатмкунандагон бо намояндагони корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳои саноатӣ аз қабили КВД “Суғдзаминсоз”, КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум”, ҶДММ “Ширкати кӯҳи-саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶДММ “Нуқрафом”дар ш. Истиқлол, КВ “Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён” ш. Панҷакент тақсимоти фардии хатмкунандагон баргузор гардид, ки дар ин бора сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек ба шуъбаи иттилоот хабар доданд .
Дар ин вохӯрӣ нахуст ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ба хатмкунандагон барои бомуваффақият ба итмом расонидани соли хониш изҳори сипос намуда, ба онон дар интихоби роҳи нави зиндагӣ барор хостанд. Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ қайд намуданд, ки донишҷӯёни донишкада аз беҳтарин мутахассисони соҳаи кӯҳию металлургӣ буда, метавонанд барои пешрафти соҳаи мазкур саҳми арзандаи хешро гузоранд. Чунки мо ба онҳо бовар дорем ва кафолат ҳам медиҳем.
Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони масъулини корхонаҳои соҳавии саноатӣ, намояндаи ҶДММ “Ширкати кӯҳи-саноатии Тоҷикистону Хитой”, хатмкардагони қаблии донишкада, ки айни замон кормандони ҶДММ “Нуқрафом” мебошанд, баромад намуданд.
Ҳамзамон, намояндаҳои хатмкунадагони факултетҳои донишкада баромад намуда, ба раёсат ва омӯзгорони донишкада, ба роҳбарияту намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва меҳмонони даъватшуда барои соҳибмаълумот шудан ва дастгирию ғамхориҳояшон миннатдории самимии хешро баён намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ намояндагони гурӯҳи ҳунарии “Ҷилои ёқути”-и донишкада хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон дар донишкада тибқи талаботи «Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» (бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.07.2020с, №18578 тасдиқ шудааст ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.08.2020 с., № 1033 ба қайд гирифта шудааст ) ва дар асоси «Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» (минбаъд Тартиб), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №262 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шудааст.
Дар толори алоҳидаи донишкада пас аз интиҳои чорабинии мазкур суҳбати инфиродии хатмкунандагон бо намояндагони корхонаҳо соҳавӣ, аз ҷумла ҶДММ “Ширкати кӯҳи саноатии Тоҷикистону- Хитой”, заводи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол, ҶДММ “Нуқрафом” ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин гардидан, баргузор гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси раёсати донишкада, бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон доир карда шуд.


Шуъбаи иттилоот