ВОРУХ МАСКАНИ АҶДОДИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Ворух 44, 7 км ҷанубтари шаҳри Исфара воқеъ буда, дар тарафи соҳили рости д.-ҳои Кишамбиш ва Карафшин зиёда аз 5-6 км тӯл кашидааст. Майдони умумии Ворух 84 ҳазору 458 га мебошад. Аҳолиаш 31 565 нафар (2014). Аз се самт бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст.

         Омӯзиши комили таърихи Ворух дар давраи шӯравӣ оғоз ёфта, то ҳол давом дорад. Дар омӯзиши таърихи ин деҳа саҳми олимони шӯравӣ А. П. Федченко, Б. А. Литвинский ва Е. А. Давидович бузург аст. Ковишҳои бостоншиносии солҳои 50 садаи XX, ки бо сарварии Б. А. Литвинский дар Ворух сурат гирифтаанд, бисёр саҳифаҳои таърихи ин деҳаро равшан намуданд. Дар ин давра ёдгориҳои археологӣ, пуштаҳои гӯри чорводорону кишоварзон, ки аҳолии маҳаллӣ «Гӯри муғ» мегӯянд, мавриди таҳқиқи илмӣ қарор гирифт. Ин ковишҳо дар Ворух собит намуданд, ки дар миёнаҳои ҳазорсолаи якуми пеш аз м., ибтидо ва миёнаҳои ҳазорсолаи якуми м. дар ин деҳаи кӯҳӣ дар қатори кишоварзони муқимӣ чорводорони зиёде низ паҳлуи ҳам зиндагӣ ба сар мебурдаанд. Ҳангоми ковишҳо аз ин гӯр — қӯрғонҳо зарфҳои гуногуни нафиси кулолӣ, осори заргарӣ ва дигар маснуоти ҳунарӣ дарёфт гардиданд, ки маҳсули устоҳои таҳҷоии муқимӣ буданд. Ин ашёи нафиса аз равобити доимии иқтисодии байни тоифаи аҳолии чорводор ва кишоварзон гувоҳӣ медиҳанд. Таҳқиқоти антропологии олими рус Т. П. Кияткина ғайричашмдошти баъзе довталабони равияи пантуркистӣ нишон дод, ки аҳолии чорводор аз рӯйи нажоду насаб ва забон аз сокинони муқимӣ фарқ намекарданд ва ба ирқи брахистефали аврупоӣ, ки тоҷикон низ марбут ба ин ирқанд, тааллуқ доштанд. Мувофиқи хулосаи муваррихи рус Ворух И. Бушков дар асри 2 м дар ҳудуди деҳа тақр. 100 – 120 нафар одам зиндагӣ мекард, ки онҳоро метавон ҳамчун як авлод ва ё қабила муаррифӣ кард. Умуман, ҷойгиршавии аҳолӣ дар ин ҳудуди Фарғона аз шимолу шарқ оғоз шуда, ба ҷанубу ғарб идома меёбад, ки дар раванди он чорводорон баландкӯҳу чарогоҳҳои нав ба навро аз худ менамоянд. Дар асрҳои миёна ин раванд баръакс мегардад ва муҳоҷирон аз болооби Зарафшон ва Қаротегин ба шимолу шарқ, ки дар давраи дури таърихӣ ватани аслиашон буд, мекӯчанд. Ҳам дар Ворух ва ҳам дар водии Сух аҳолии Қаротегину Мастчоҳ маскан мегузинанд.

           Ворух яке аз қадимтарин масканҳои аҷдоди халқи тоҷик буда, аз мавзеъҳои Пули Офтобрӯ, Лар, Заминун, Кех, Шахи Сафед, Тамлик, Чакак, Нови Ағва, Қалъаи Бақо, Хоҷаи Имом, Бодомча, Хоҷаи Ғор, Шолидаврон, Лочин, Беди Каҷ, Тангии Ворух иборат аст.

           Ворух дорои маҳаллаҳои Гузар, Қалъача, Майдон, Сари Қурум, Тидон, Сари Дашт, Хушобод, Боғдорӣ, Кӯчаи Боло, Масҷиди Боло, Кӯчаи Қозӣ, Қишлоқ, Таги Маҳалла, Сари Канда, Тоҷикон, Ҷӯйи Дам, Кодон, Навобод, Чакак мебошад, ки дар тамоми чорабинињои сиёсї, фарњангї, иќтисодї ва ичтимоии мамлакати азизи Тољикистон фаъолона ширкат меварзанд.

Воҳидов А.

кафедраи фанҳои умумитехникӣ