БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи якуми октябри соли 2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи раванди таълиму тарбия, фаъолияти таълимӣ ва илмӣ, ҳамзамон шароити таҳсил ва заминаи моддию техникии Донишкада аз факултетҳои корҳои кӯҳӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав, китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Муовини вазирро роҳбарияти Донишкада хуш пазироӣ намуда, оид ба самтҳои асосии фаъолияти муассиса, раванди таълиму тарбия, вазъи омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳа, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, корҳои пажуҳишӣ, лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба об ва тадбирҳои дар ин самт амалишаванда маълумоти муфассал ироа намуд. Ҳамчунин, масоили марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқ намудани муҳтавои таълим ба талаботи бозори меҳнат ва тақвияти заминаи моддию техникии раванди таълим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷараёни боздид муовини вазир аз як қатор синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо, озмоишгоҳҳои маҷозӣ ва озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ ва дигар сохторҳои таълимии Донишкада дидан намуда, бо шароити фароҳамгардида барои донишҷӯён ва имкониятҳои мавҷудаи таълимӣ аз наздик шинос гардид. Зимни шиносоӣ ба сатҳи таҷҳизонидани синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо, истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ ва муҳити мусоиди таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, муовини вазир бо донишҷӯён суҳбати озод анҷом дода, доир ба раванди таълим, сифати донишандӯзӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои таълимӣ, иштироки донишҷӯён дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва риояи талаботи интизоми дохилии Донишкада андешаҳои онҳоро шунавид. Дар ин замина, ба масъалаи ташаккули малакаҳои касбӣ, рушди тафаккури илмӣ ва омодагии донишҷӯён ба фаъолияти мустақилонаи касбӣ, иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ фармуда шуд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти озмоишгоҳҳои таълимӣ муовини вазир аз имкониятҳои мавҷудаи таҷҳизоти таълимию озмоишӣ, сатҳи истифодаи онҳо дар раванди таълим ва нақши чунин заминаҳо дар таҳкими малакаҳои амалии донишҷӯён огоҳ гардид. Таъкид гардид, ки пайвастани донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнат ҳисобида мешавад.
Дар идомаи боздид масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими заминаи моддию техникӣ, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, фаъолияти таҳқиқотӣ, пажуҳишӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир дар ҷараёни таълим ва баланд бардоштани маҳорати касбӣ, табодули донишҳо мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Дар умум, боздиди муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои арзёбии вазъи таълиму тарбия, шиносоӣ бо имкониятҳои таълимию илмӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи такмили фаъолияти Донишкада аҳаммияти муҳим дошта, ба таҳкими ҳамкории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо мақомоти соҳавӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти техникӣ мусоидат менамояд.
Қайд карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муҳандисони барои бозори меҳнат муҳимро омода менамояд ва бо ҳамин роҳ дар ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакатамон саҳми арзишманд мегузорад.
Иброз карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи олии таълимии соҳавӣ дар кишвар буда, дар соҳаҳои саноат муҳандисонро мутобиқ ба стандартҳои дохилӣ ва байналмилалӣ омода менамояд. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии таълимӣ дар кишвар мебошад, ки низоми дуалии таълимро дар амал ҷорӣ намудааст ва бо зиёда аз 70 корхонаҳои саноатии кишвар ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии кишвар мебошад, ки дар самтҳои энергетика, кӯҳкорӣ, металлургия, металлургияи металлҳои ранга, гидрогеология, иқтисодиёт, саноат, нақлиёт ва ҳамлу нақл, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав, заминсозӣ, сохтмон, корҳои маркшейдерӣ ва химияву биология мутахассисонро омода менамояд.
Дар фарҷом, ректори Донишкада Давлатзода Давлат ба меҳмонон ҷиҳати машварату маслиҳат ва роҳнамоиву суҳбати ошкоро бо донишҷӯён изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Шуъбаи иттилоот