РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИРО ҚАДРДОНӢ НАМУД

Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат ғолибони олимпиадаи байналмилалиро баҳузур пазируфта, бо мукофот ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи мактуби даъватии Донишгоҳи илмҳои геологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд, рӯзҳои 28–29 сентябри соли 2026 Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба моделсозӣ дар геологияи кӯҳӣ таҳти унвони «Тошкандская международная олимпиада по моделированию в горной геологии (Micromine GGIS) – MinGeoMod–2026» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои марбут ба геология ва корҳои кӯҳӣ
Мирбобоева Шоҳиста Машрабҷоновна донишҷӯи ихтисоси 4510101,Ашуров Сироҷиддин Убайдуллоевич—донишҷӯи ихтисоси 4-510201-0, Фармонов Шамерон Восеович донишҷӯи ихтисоси 3-510201-02,
Баҳронзода Тоҷиддин Ботурҷон донишҷӯи ихтисоси 4-510201 ширкат варзиданд.
Ҳадафи асосии олимпиада баланд бардоштани сатҳи донишҳои муҳандисию техникӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯёни ихтисосҳои геология ва корҳои кӯҳӣ, такмили маҳорати онон дар самти моделсозии сеандозаи конҳои маъданӣ, омӯзиш ва татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ дар раванди таълим, ҳамчунин густариши робитаҳои илмӣ ва академӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар доираи чорабинии мазкур донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии худро оид ба истифодаи барномаҳои муосири соҳавӣ, аз ҷумла барномаи Micromine GGIS, муаррифӣ намоянд.
Ёдрас мешавем, ки донишҷӯёнро дар ин олимпиадаи байналмилалӣ Боев Муродбек Бекмаҳмадович — омӯзгори кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ ва
Бойматов Довар Эсанбоевич — омӯзгори кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот