БЕ ИЛМ НАТАВОН БА РОҲИ МАҚСУД РАСИД!

Илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳна парасти, бофтаҳои баъзе диндорони камсавод маҳсуб меёфт. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд гуруҳҳои манфиатҷӯ дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлубро коршиносон дар он мебинад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз марифати ҳуқуқӣ ва худшиноси, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон, боиси шомил шадани онҳо ба гуруҳи ифротгарои мегардад. Дар ҷунин вазъият ҳар як фарди соҳибмарифат, хоссатан падару модар ва омӯзгоронро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговарӣ ҷомеа имрӯза терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм ин фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқу ҷомеаи илмӣ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқи танзимкунандаи фаъолияти онҳо мебошад.

Облоқулов В

омӯзгори  кафедраи математикаи олӣ ва информатика