БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ ОИД БА ОМОДАГИҲО БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз, дар утоқи кории ректори тозатаъйини Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муминова Дилором, сардори раёсати молия ва ҳисобдорӣ Содиқова Наргис, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Ҷуразода Шуҳрат ва сардори қисми хоҷагию маъмурӣ Азизов Қурбон ширкат варзиданд.
Устод Давлатзода Давлат дар нахустин ҷаласаи хеш минҳайси ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз тамоми ҳайат хоҳиш намуд, ки ба собиқадорон арҷ гузоранд ва меҳнати ректорони собиқро нодида нагиранд.
Сипас, устод Давлатзода Давлат роҷеъ ба идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъмиру таҷдиди синфхонаҳо, барқарорсозии бахшҳои хидматрасонӣ, фароҳам сохтани имкониятҳои нав, ҷалби бурсияҳои байналмилалӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатӣ, омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили бошукӯҳи ҷашни Ваҳдати миллӣ, ба кор ҷалб намудани мутахассисони ҷавон, гузаронидани мониторинг, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маоши кормандон, друст ба роҳ мондани низоми корӣ, риояи одобу ахлоқ, эҳтироми ҳамдигар, мубориза бар зидди бегонапарастӣ, падидаҳои номатлуб, сохтани марказҳои рушди истеъдодҳои ҷавон, боз намудани институтҳои таҳқиқотӣ дар назди Донишкада, ҷоннок намудани кори Шурои диссертатсионӣ, мубодилаи таҷрибаҳо, таълифи рисолаҳои илмӣ, навиштани дастурҳои таълимӣ, дастгирии омӯзгорони ҷавон ва эҷоди се марҳалаи ҳавасмандгардонӣ дар доираи қонунгузорӣ, боз намудани марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ суханронӣ намуда, бар масъулин дастур дод, ки ҳар чӣ тезтар аз пайи бартараф намудани камбудиҳо ва иҷрои корҳо шаванд.
Давлатзода Давлат таъкид намуд, ки ҳамаи мо фарзанди Тоҷикистон ҳастем ва бояд солиқонаву софдилона барои ободии Ватан ва тарбияи насли ҷавон саҳми гузорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар мо бовп кардаанд ва бар мо тарбияи насли ҷавонро вогузор сохтаанд, ки бояд дар ин самт хеле фаъол ва ҷонфидо бошем. Моро зарур аст, ки бар зидди ҳама гуна ақидаҳои бегонапарастӣ, амалҳои номатлуб,ифротгароӣ, хурофотпарастӣ муборизаи беамон барем ва Ватани азизамонро бо ҳар роҳе набошад, ҳифз намоем, обод созем. Зеро ободи ватан, ахлоқи ҷомеа аз ҳар яки мо вобаста аст.
Зиёӣ бояд намуна бошад!
Омӯзгори Донишкадаи олӣ бояд равшанфикр ва роҳнамо бошад!
Дар фарҷом, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат аз ҳозирин хоҳиш, намуд, ки бояд шарафи бузурги омӯзгорро ҳифз намоем, номи некашро пок нигоҳ дорем. Вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ин дар баробари таълиму тарбия боз роҳнамоӣ намудани насли ҷавон бар фардои обод бо рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад.
Мақсади мо ин дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд додани соҳа ва дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи кӯҳкориву саноат мебошад.
Ёдрас мешавем, ки ин нахустин ҷаласаи назоратии ректори тозаинтихоби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон устод Давлатзода Давлат мебошад, ки дар он бештари масоили марбут ба илму маориф, таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Шуъбаи иттилоот