Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат намояндаи ҶДММ “Бонки Эсхата”- ро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои минбаъда, таъсиси гӯшаи махсуси таълимии Бонки Эсхата дар Донишкада ва ҳамзамон муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳои таълимӣ бо компютерҳои замонавӣ гуфтугӯ намуданд. Дар мулоқот ҳамчунин декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Ҷуразода Шуҳрат низ ширкат намуд.
Таъкид карда шуд, ки бар асоси шартномаи мавҷуда байни Донишкада ва бонки мазкур минбаъд низ ҳамкориҳо дар сатҳи баланд густариш дода хоҳад шуд.
Шуъбаи иттилоот
