БАРГУЗОРИИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи ҷадвали тасдиқгардида, қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкада олими ҷавон ва маорифпарвари асил дотсент Давлатзода Давлат сурат гирифт.  Қабули шаҳрвандон яке аз роҳҳои зудтар расидагӣ намудан ба дархости шаҳрвандон ва ҳамзмон сари вақт баррасӣ кардани масоили мавҷуд буда, аз ҷониби дигар барои густариши робитаи волидайн бо муассиса, тамоси ҷамъият бо Донишкада, мусоидат менамояд. Ҳар як қабули шаҳрвандон як саҳифаи нави корӣ ва як имконияти нав барои шаҳрвандону муроҷиаткунандагон мебошад. Имрӯз, дар қабули шаҳрвандон 5 нафар шаҳрвандон аз шаҳру навоҳии кишвар  Азимов Аҳмадшоҳ, Холова Дилафрӯз, Абдурашидзода Шероз, Дӯстова Саидахотун, Ҷумъаев Абдуҷаъфар  муроҷиат намуданд.
Набояд фаромӯш сохт,  ки қабули шаҳрвандон тибқи муқаррарот ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, баҳри баррасии вазъ, густариши робитаи волидайн бо Донишкада, ҳалли мушкилоти шаҳрвандон ва тамоси мустақими роҳбарият бо аҳли ҷомеа мусоидат менамояд. Дар ҳар маврид қабули шаҳрвандон яке аз воситаҳои ёрирасон барои пешрафти ҷамъият ва кору фаъолияти самти маориф мебошад. Зеро дар тарбияи насли ҷавон бояд ҳам муассисаи таълимӣ ва ҳам волидайн фаъол бошанду саҳмгузорӣ намоянд.
Ректори Донишкада  яке аз олимони ҷавон, дотсент Давлатзода Давлат нахуст шаҳрвандонро хуш пазируфта, аз рисолати касбӣ, қарзи шаҳрвандӣ ва  иҷрои масъулияту муҳимияти қабули шаҳрвандон сухан ронда, изҳор дошт, ки вазифаи мо аз баргузории қабули шаҳрвандон пеш аз ҳама дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии амалкунанда, ҳар чӣ зудтар расидагӣ намудан ба мушкилоту масоили муроҷиаткунандагон мебошад.
Ректори Донишкада таъкид намуданд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамеша тарафдори робитаи мустақим бо волидайн буда, ба тарбияи баланди насли ҷавон, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа дар рӯҳияи масъулиятшиносиву хештаншиносӣ, рушди соҳаи маориф ва пешрафти саноат афзалият медиҳад.
Зимни баргузории қабули шаҳрвандон  арзи онон пурсида шуда, ба масъулин дастур дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат муроҷиати шаҳрвандон ба таври қонунгузорӣ баррасӣ карда шаваду талаботи муроҷиаткунанда қонеъ гардонида шавад.
Дар қабули шаҳрвандон ҳамчунин, директори Парки технологии Донишкада Ҳоҷизода Саидмуқбил ва сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муминова Дилором низ ширкат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳар ҳафта баргузор мегардад ва шаҳрвандон метавонанд ба тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули шаҳрвандон роҳ ёбанд.
Шуъбаи иттилоот