МЕДАЛИ ҶАШНИИ 70-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ШАҲРИ БӮСТОН ХУҶАСТА БОД, УСТОДИ АРҶМАНД ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ!

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70- солагии таъсисёбии шаҳри Бӯстон Раиси шаҳр муҳтарам Фирӯза Нуруллозода ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон устоди арҷманд Давлатзода Давлатро бо медали ҷашнии “70-солагии таъсисёбии шаҳри Бӯстон” қадрдонӣ намуданд, ки ин дастовардро ба ректори гиромӣ ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва комёбиҳои беназирро таманно менамоем.
Давлатзода Давлат аз пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳамчун олими ҷавон, муҳаққиқи серкор, пажӯҳишгари серталош ва маорифпарвари асил барои таълиму тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, масъулиятшиносиву меҳнатдӯстӣ саҳми арзишманди хешро гузоштаанд.
Ректори Донишкада муҳтарам Давлатзода Давлат аз ҷавонони фаъолу созанда, бунёдкору ободкор буда, дар ин самт корҳои фаровонеро баҳри рушд ва пешрафт анҷом додаанд.
Ба устоди арҷманд ва гиромӣ ректори муҳтарам Давлатзода Давлат пешрафту муввафақият таманно намуда, дар корҳои минбаъдаашон пирӯзиву комгории куллро орзумандем!
Бори дигар медали ҷашнӣ хуҷаста бод устоди арҷманд Давлатзода Давлат!