Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон донишкада бо се донишгоҳи Узбекистон- Донишгоҳи давлатии техникии Фарғона, Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро ва Донишгоҳи илмҳои геологии Ҷумҳурии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин хусус 5 август Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Давлат Давлатзода изҳор дошт, ки имрӯз донишкада бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои гуногун ба имзо расонидааст. Шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию таълимии Русия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Словения, Португалия, Молдова, Чин, Латвия, Словения, Тайван ва Узбекистон ба имзо расидаанд.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар назди кафедраҳои донишкада 15 маҳфили илмӣ-амалии доимӣ барои донишҷӯён, аз ҷумла «Суханвар», «Энергетикони ҷавон», «Эколог-муҳандис», «Иқтисодчии муосир», «Навовар», «Кӯҳкани ҷавон», «Дӯстдорони автомобил», «Металлургия аз нигоҳи ҷавонон», «Ганҷи хирад», «Химикони ҷавон», «Нафтчӣ» ва «Ганҷшинос» фаъолият дорад. Дар маҳфилҳо донишҷӯёни болаёқат ба корҳои пажӯҳишӣ ҷалб шуда, аз натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотияшон дар доираи маҳфил гузориш медиҳанд.
Соли равон дар донишгоҳ ду озмоишгоҳи нави илмӣ-таълимӣ ва таҳқиқотии мониторинги муҳити атроф ва равшанкунии барқӣ ба истифода дода шуд.
