Баргузории чорабиниҳои варзишӣ дар донишкада

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабиниҳои варзишӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ идома дорад.

Феълан мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои варзиши шоҳмот, тенниси рӯимизӣ, волейбол ва футбол идома дорад ва имрӯз даври ниҳоии бозиҳо баргузор мегардад.
Тавре, ки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз иттилоъ дод, дар мусобиқаҳо дастаҳо аз факултетҳо ва раёсати донишкада ширкат менамояд ва дар интиҳо ғолиби асосӣ муайян карда мешавад.