Аз барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ донишҷӯёни кафедраи геология, сохтмон ва корҳои маркшейдерии факултети корҳои кӯҳӣ зери роҳбарии омӯзгори ҷавон ва фаъол Рашимов Ҷасур дар Корхонаи бо давлатии фаръии “Суғдзаминсоз” ва Корхонаи воҳиди давлатии ‘Аэрогеодезии Суғд ” таҷрибаомӯзии хешро гузаштанд.
Донишҷӯён зимни баргузории таҷрибаомӯзӣ аз ҷараёни кор, таҷҳизот ва технологияҳои истифодашаванда, барномаҳои муосири таҳқиқотӣ, усулҳои харитасозӣ, раванди тасдиқ ва барҳамдиҳӣ шинос гардида, бо кормандон мулоқоту машварат намуданд.
Ҳамзамон, ба донишҷӯён аз усулҳои муосири корӣ, барномаҳои омӯзишӣ, шартномаҳои ҳамкорӣ, минтақаҳои омӯзишӣ маълумот дода шуд.
Қайд кардан лозим аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи олии соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо корхонаҳои саноатӣ ҳамкории зич дораду низоми дуалии таълимро пурра татбиқ намудааст. Аз ҷумла кафедраи геология, сохтмон ва корҳои маркшейдерии Донишкада дар назди ин корхонаи давлатӣ филиали худро дорад.
Шуъбаи иттилоот

