БАРГУЗОРИИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР НБО “ДӮСТИИ ХАЛҚҲО”

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ донишҷӯёни кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика зери роҳбарии омӯзгори фаъол ва собиқадор Одирматова Умедахон дар НБО “Дӯстии халқҳо” таҷрибаомӯзии хешро гузаштанд.
Донишҷӯён зимни баргузории таҷрибаомӯзӣ аз ҷараёни кор, ҳолати таҷҳизоти истифодашаванда, тарзи истеҳсоли неруи барқ, сифати ноқилҳои барқӣ, ҳаҷми истеҳсол, қудрати неругоҳ шинос гардида, бо кормандон мулоқоту машварат намуданд.
Ҳамзамон, ба донишҷӯён аз таърихи таҷдиду азнавсозӣ, истифодаи технологияҳои муосир, нақши барқ дар ҳаёт, кори неругоҳ маълумот дода шуд.
Зикр намудан зарур аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи олии соҳавӣ дар кишвар мебошад, ки бо корхонаҳои саноатӣ ҳамкории зич дораду низоми дуалии таълимро пурра татбиқ намудааст. Аз ҷумла кафедраи таъминоти барқи Донишкада дар назди ин неругоҳ филиали худро дорад.
Шуъбаи иттилоот