Баргузории семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба Саноатикуноии босуръати кишвар

Санаи 17.02.2024 дар  донишкада семинари илмӣ- назариявӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия бахшида ба «Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ» баргузор гардид. Дар кори семинар муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.т. профессор Умарҷонов А.А., декани факултети металлургия н.и.п. Шамсидинов Ш.М., мутахассиси раёсати илм, инноватсия Бобоева П.И. ва зиёда аз 30 нафар омӯзгорону кормандони донишкада иштирок намуданд.
Дар ибтидо муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ н.и.т., профессор Умарҷонов А. А., баромад намуда қайд намуд, ки соҳаи саноат дар ҳақиқат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон маҳсуб меёбад. Маҳз барои ҳамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд.
Сипас ӯ ҳозиринро бо барномаи семинар шинос намуда, суханро ба номзади илмҳои иқтисодӣ, достенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Саидов М.К. дод.
Аз рӯи масъалаи якуми семинар дар мавзӯи Нақши илми иктисодӣ дар шароити муосир баромад намуда, аз ҷиҳати илмӣ асосннокшуда рейтинги иқтисодии давлатҳои тараққиқарда, давлатҳое ки маълумоти олӣ дошта, гузориши ин масъалаи, ҷаҳон метавонад дар ҳалли ин масъала мусоидат намояд.
Оид ба ин масъала н.и.п., дотсент Шамсидинов Ш.М., н.и.т., мидири кафедраи металлургия Қодиров А.А., н.и.т., дотсент, мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл н.и.т., дотсенти кафедраи ташкили ҳамлу нақл Бобоев Р.М., н.и.т., профессор Умарҷонов А., ва чанде дигарон ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Аз рӯи масъалаи дувуми барномаи семинар муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-ичтимоӣ дар мавзуи “Иброимова О.Ф.- муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ иҷтимоӣ, дар мавзӯи: “Ақидаи мутаффакирон оид ба пайдоиши дини Зардуштиён” баромад намуд. Ӯ оид ба ақидаҳои мутафаккирон ҷиҳати таълимоти зардуштия ва бо маърӯзаи аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда баромад намуд.
Дар муҳокимаи ин маъруза н.и.т. Қодиров А.А., мутахассиси шуъбаи аспирантура ва магистратура Мамадқулова Р. О., ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-ичтимоӣ Юсупова С.Р., ва дигар иштирокчиёни семинар фаъолона иштирок намуданд.
Дар сухани ҷамъбастии кори семинар муовини ректор оид ба илм, ииноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.т., профессор Умарҷонов А.А. мавзӯъҳои баррасишударо дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳои илмӣ бо ҷалби донишҷӯёну магистрантон хело муфид мебошад.