Баргузории аксияи “Китобҳо барои муҳофизони Ватан” дар донишкада

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада аксияи “Китобҳо барои муҳофизони Ватан” гузаронида шуд, ки дар он ректори донишкада ва дигар муовинон ҳузури фаъол пайдо намуданд. 

Нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар китоби шоири хушноми миллат устод Лоиқ Шералӣ таҳти унвони “Ҳаштод номаи ишқ”  соядаст монда, аксияро оғоз карданд. 

Сипас, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон, муовини ректор оид ба илм профессор Умарҷонов Абдусафо бо гузоштани соядаст китобҳоро ба сарбозони меҳан тақдим намуданд. 

Ёдовар мешавем, ки аксияи мазкур дар донишкада идома дошта аз ҷониби шуъбаи кор бо ҷавонон роҳандозӣ шудааст.