Баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони ”Консепсияи миллии тарбия – асоси тарбияи насли созандаю бунёдкор” дар ДДҲБСТ

1- уми июни соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони ”Консепсияи миллии тарбия – асоси тарбияи насли созандаю бунёдкор” баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар кори он коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар ширкат варзиданд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода меҳмононро ба ҳамоиш шодбош намуда иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, роҳбарону масъулони соҳаи маорифро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар идома, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода баромад намуд. Қайд шуд, ки ба роҳи дуруст тарбия намудани насли наврас, хештаншиносу худогоҳ ва ватандӯст ба камол расонидани ҷавонон аз ҳадафҳои меҳварии давлату ҳукумат мебошад.

Сипас дар бахши ифтитоҳии конференсияи ҷумҳуриявӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, профессор Аюб Усмонов дар мавзӯи “Консепсияи миллии тарбия ва ташаккули тарбияи ватанпарастии ҷавонон”, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи ДДҲБСТ профессор, Мубинахон Хоҷаева таҳти унвони “Консепсияи миллии тарбия – ифодагари арзишҳои миллӣ”, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, дотсент Зебониссо Бобоалиева дар мавзӯи “Консепсияи миллии тарбия – асоси тарбияи миллӣ”, муовини директор оид ба тарбияи ДИС ДДТТ дотсент, Гулчеҳра Аҳророва дар мавзӯи “Тарбияи ахлоқи ҳамида дар меҳвари асосии Консепсияи миллии тарбия”, муовини ректор оид бакорҳои тарбияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент, Мавлуда Аминҷонова бо номи “Гуманизми тарбия ҷузъи асосии тафаккури нави педагогӣ” ва мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ дотсент, Ғолибҷон Санавваров дар мавзӯи “Асосҳои назариявӣ ва амалии татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо” маърӯзаҳо ироа намуданд.

Зикр гардид, ки ҳадафи конференсия мубодилаи афкор ҷиҳати амалишавии консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарѐфти роҳҳои минбаъдаи ташаккули шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунѐи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандўстӣ ва худогоҳии миллидошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор тарбия намудани ҷавонон маънидод гардид.

Дар анҷоми бахши ифтитоҳӣ як зумра донишҷӯён-ғолиби озмуни “Донишҷӯи сол” ғолибони олимпиадаҳо бо Сипосномаву Ифтихорнома ва туҳфаҳои раёсати донишгоҳ ва ба меҳмонони конференсия туҳфаҳои рамзии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.