Қабули шаҳрванд аз ҷониби муовини ректор Насриддинов Замониддин

Имрӯз, бо дастури ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин шаҳрванд Юсупова Назокатро қабул намуданд.

Дар қабули шаҳрванд сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҳамдамова Мадина низ ширкат намуд. Шаҳрванд Юсупова Н. ҷиҳати дарёфти ҷойи кор дар донишкада муроҷиат намудааст ва имрӯз муовини ректор Насриддинов Замониддин ҷиҳати аз наздик омӯхтани маҳорати шаҳрванд ва фаҳмонидани қоидаву қонунҳои амалкунанда ӯро қабул намуданд. 

Насриддинов З. ба шаҳрванд фаҳмониданд, ки тибқи озмун шаҳрвандон ба  кор қабул карда мешаванд ва дар кӯтоҳтарин фурсат шумо метавонед, дар озмун иштирок намуда, ҳамчун довлатаб ба вазифаҳои холӣ худро пешбарӣ намоед.

Шуъбаи иттилоот