Ташрифи муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Саймаҳмуд Саидов

Ҳини ташриф меҳмонро ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ қабул намуда, дастовардҳо ва пешрафти донишкадаро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ меҳмон Саймаҳмуд Саидовро ба корҳои ободонӣ-созандагӣ шинос намуда, Осорхонаи донишкадаро низ нишон доданд.

Меҳмонҳо аз пешравиҳо ва ободкориву созандагии донишкада огоҳ гардида, ба ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ барои дар муддати кӯтоҳ ба чунин дастовардҳо расидан аҳсан хонданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо омадани шахсияти хирадманду донишманд, фозилу оқил, меҳандӯсту маорифпарвар ва кордону ғамхор муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳайси ректори нав ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фасли нави зиндагӣ ва ё рушди донишкада оғоз шуд. Хушбахтона, дар муддати кӯтоҳтарин донишкада ба дастовардҳои беназир ноил гардид, ки ин боиси ифтихори мост.

Ёдовар мешавем, ки муовини  ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Саймаҳмуд Саидовро ректори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан дар ин сафар ҳамроҳӣ менамуданд.

Тасвирҳо аз ҷараёни ташрифи меҳмонон ба донишкада:

Шуъбаи иттилоот