Баргузории дарси амалӣ дар Осорхонаи геологӣ

Имрӯзҳо таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва равияҳои техникӣ бештар гардидааст, ки инро дар интихоби ихтисосҳо мушоҳида намудан мумкин аст. Ҳамин аст, ки донишҷўёни ихтисосҳои геология ва дигар ихтисосҳои донишкада низ имрӯзҳо шавқу рағбати бештар нишон дода, талош менамоянд, то омӯхтаҳои хешро дар амал татбиқ гардонанд. Яке аз шеваҳои аслии дарсгузарии писанд ба донишҷӯён ин дарси амалӣ мебошад, ки дар корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва пажӯҳишӣ баргузор мегардад. Ин навбат низ омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ Обидов Б. А. дарси амалии хешро аз фанни “Усулҳои таҳқиқоти маъдан ва минералҳо” барои донишҷӯёни бахши чаҳоруми ихтисоси геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок дар Осорхонаи геологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон гузашт, ки донишҷўён аз баргузории дарс хушҳол гардиданд. Шинохт ва таҳқиқи маъдану минералҳо кори осон нест ва дар ин замина заҳмати зиёд талаб мешавад, ки омӯзгорон ҳаракат мекунанд, то донишҷўёнро ба таври комил дар ин масъала омода созанд.
Ёдовар мешавем, ки омӯзгорони кафедраи геология ва корҳои нафту газ ва умуман донишкада аксаран таҷрибаи калон дар корхонаи саноатӣ доранд, ки ин бар манфиати кор мебошад.