Баргузории дарси кушоди омӯзгори кафедраи менеҷмент Ҳоҷибоева М.

Дирӯз, дар синфхонаи 301 дарси кушоди омӯзгори кафедраи менеҷмент Ҳоҷибоева М. аз фанни “Муқаддимаи ихтисос” барои донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар мавзӯи “Касби муҳосиб ва аудит дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон аз ҷумла декани факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ Саидов Мустафохон, мудири кафедраи менеҷмент Собирова Шукриниссо, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон, омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Назарматов Авазбек, омӯзгори кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ Ҳуҷҷатов А. ширкат намуданд.
Омӯзгорон ҷараёни баргузории дарси кушоди омӯзгори фаъол Ҳоҷибоева М.- ро назора намуда, ба тарзи дарсгузарӣ ва ташреҳи мавзӯъ баҳои баланд доданд.
Зимни баргузории дарс донишҷўён фаъолона ширкат карда, суолҳо дода, дар баррасии мавзӯъ хеле ҳушёр буданд, ки аз малакаи баланди шеваи дарсгузарии омӯзгор дарак медиҳад.

Дар интиҳо ба кори омӯзгори кафедраи менеҷмент Ҳоҷибоева М. баҳои баланд дода шуд.