“Аҷоиботи химия” чунин унвон дошт мусобиқоти навбатии донишҷӯён

Имрӯз,  дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар доираи “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ” озмун байни донишҷӯён аз фанни химия баргузор гардид, ки дар он аз раёсати таълим, деканҳои факултетҳо, раёсати илм ва инноватсия намояндагон ширкат варзиданд.

Тавре баргузоркунандагони озмуни мазкур аз кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ иттилоъ медиҳанд, донишҷӯён мисли анъана ба ду даста тақсим шуда, зери роҳбарии муаллима Раҷабова Ш.Х. дар ин мусобиқот ширкат варзиданд.

Ҳини иҷрои шартҳо маълум гардид, ки донишҷӯён ба хубӣ аз донишҳои химиявӣ огоҳ ҳастанд ва ҳатто дар нишон додани таҷрибаи химиявӣ низ маҳорати баланд нишон доданд.

М. Сайидзода