Оғози соли нав омӯзгорони ДКМТ дар кӯҳ ва аз пайи пажӯҳишҳои нави илмӣ

Насриддинов З.З. – бо шогирдон дар майдонӣ корӣ

 

Меҳр ба кору дил ба илм омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро дар рӯзҳои истироҳатии соли навӣ ҳам ба саҳро бурд.

Санаи сеюми январи соли 2021, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои геология ва минералогия Насриддинов З.З., ҳамроҳ бо докторантон ва унвонҷӯён Восихов Ш., Обидов Б., Қосимов Ш., ва Юсупов Э., ки роҳбарии онҳоро аз рӯйи самти таҳқиқи конҳои травертин, оҳаксанг ва ракушникҳо дар пастхамии Водии Фарғона ба дӯш дорад, ба минтақае, ки кон он ҷо қарор дорад сафар намуданд.

Докторант- Қосимов Ш.М., хобиши маъданро назора карда истодааст.

Дар минтақаи ҷойгиршавии кон Насриддинов З.З., муҳаққиқонро бо мавзеъ, кон, ҷинсҳои кӯҳӣ, минералҳои асосӣ, шакли хобиши канданиҳои фоиданок ва хусусиятҳои хоси минтақаи таҳқиқ шинос намуда, барои корҳои минбаъда, вазифаҳои мушаххас дод. Ҳамчунин, гурӯҳи таҳқиқотӣ аз минтақаи кон, маҳак ва расмҳои шартию тафсирӣ гирифтанд.

Гӯруҳи тадқиқоти маҳак гирифта истодаанд

Ёдовар мешавем, ки соли қаблӣ муовини ректор Насриддинов З.З., барои 30 нафар донишҷӯён корҳои илмӣ таҳқиқотӣ ва таҷрибаомӯзиро дар минтақаи дараи Ромит ва қад-қади дарёи Кофарниҳон дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Қубодиён, Шӯробод ва амсоли он, дар доираи лоиҳаи байналмиллалии таҳқиқи дарёи Кофарниҳон ва Кобул ташкил карда буд.

Намунаи травертит

 

Майдони кори ва маҳалли зист