Семинари илмӣ- назариявии факултети металлургия дар хобгоҳи донишҷӯён

Имрӯз, дар хобгоҳи рақами яки донишкада бо ташаббуси факултети металлургия чорабинии сатҳи баланд бахшида ба эълон гардидани “Соли 2025 ҳамчуни соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби СММ” ва панҷсолаи рушди саноат бо ширкати васеи донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба панҷсолаи рушди саноат ва аҳамияти он дар рушди иқтисодиёти миллӣ, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтани пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон намудани соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо сухан ронда, тасмими мазкурро ғамхории башардӯстона унвон дод.

Сипас, мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл Эшонқулов Иномхон, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, омӯзгори кафедраи металлургия Раҳимов Ҳаётқул, муовини декани факултети металлургия оид ба тарбия Расулова Мунзифахон, эдвайзери факултети металлургия Бақоев Беҳзод перомуни мавзӯҳои муҳим маърӯза намуда, ба донишҷӯён моҳияти масъаларо фаҳмониданд.