АНҶУМАНИ САОДАТИ МИЛЛАТ – баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АНҶУМАНИ САОДАТИ МИЛЛАТ – баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикисто

Имрӯз, 3 ноябр тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид.
Конференсия бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оғоз ёфт.
Дар кори конференсия иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Карамулло Одилов, раиси суди шаҳри Бӯстон Ҷабборзода Фурқат Саттор, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Набизода Ваҳҳоб Машраб, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидумрон Саидов, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ширкат намуданд.
Ҳамзамон дар конференсия муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр, ходимони дин, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, устодону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, собиқадорони меҳнат, намояндагони васоити ахбори умум ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр иштирок намуданд.
Зимни суханронии хеш раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оид ба моҳияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, изҳор дошт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд.
Сипас дар мавзӯи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи кишвар” иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори хизмати давлатӣ, муовини Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Карамулло Одилов маърӯза намуд.
Номбурда оид ба ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри барқарории сулҳу суботи комили ҷомеа, амалӣ гардонидани нақшаву тадбирҳои судманд дар роҳи таъмини зиндагии осоишта ба ҳар як сокини мамлакат ибрози назар намуд.
Сипас, дар мавзӯи “Пойдевори боэътимод” маърӯзаи раиси суди шаҳри Бӯстон Фурқат Ҷабборзода шунида шуд.
Зикр гардид, ки ҳар қадар ба умқи таърих ворид гардем, қадру манзалати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди мардуми азизу муътабари Ватани маҳбубамон волотар арҷгузорӣ хоҳад шуд.
Дар маърӯза оид ба қабули қарорҳои таърихӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузоштани замина ба қабули Конститутсияи кишвар ибрози назар карда шуд.
Дар идома дар мавзӯи “Заминаҳои таърихии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” профессори кафедраи Таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Ваҳҳоб Машраб маърӯза намуд. Мавсуф оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санаи саодати миллат ибрози назар кард.
Дар мавзӯи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик” маърӯзаи номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов шунида шуд.
Зимни суханронии хеш номбурда оид ба саҳми арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илму маърифат, нашри осори гаронарзиши бузургони илму адаби кишвар, дастгирии аҳли илму маърифат, муҳайё намудани имконият барои рушди босуботи маориф ёдовар шуд. Номбурда дар идомаи суханронӣ асари тозанашреро, ки бо таҳияи худ таҳти унвони “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик” ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи чоп омадааст ба иштирокдорон муаррифӣ намуда, ба ҳайати меҳмонон ва Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз китоби тозанашр тақдим намуд.
Зимни муаррифии асари гаронарзиш гуфта шуд, ки китоб ба фаъолияти пурсамар ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Фаъолияти ин сиёсатмадори ҷаҳонӣ ҳамчун Сардори давлат аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, он таърихи пурғановати мардуми сарбаланди кишварро, ки бунёдкориву созандагӣ асоси зиндагии онҳост инъикос менамояд.
Баъдан маърӯзаи ректори Дошикадаӣ кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ дар мавзӯи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ” шунида шуд.
Гуфта шуд, ки маҳз ҳамин иҷлосияи сарнавиштсоз сабаб гардид, ки дар Ватани муқаддаси мо сулҳу субот пойдор гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 10 кишвари амн аз ҷиҳати гашту гузор қарор бигирад.
Дар қисмати музокира яке аз иштирокчиёни сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Раҳимов суханронӣ намуда, изҳори сипосмандии хешро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон расонида, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки беш аз пеш Ватанро дӯст доранд ва ба қадри сулҳу суботи комили ҷомеа расида бошанд.
Дар фарҷоми конференсия раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ иштирокдоронро ба ҷашнҳои дарпешистода таҳният гуфта, аз сокинон ҷиҳати истиқболи сазовори ин санаҳои фархундаи миллат ва ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон даъват ба амал овард.