Аксияи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ғалаба

Имрӯз аз ҷониби бахши кор бо ҷавонони донишкада миёни донишҷӯён аксия ба муносибати 76-умин солагрди ғалаба бар фашизм гузаронида шуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори бахши мазкур Насриддинов Шаҳбоз иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола аз ҷониби донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада чунин чорабиниҳо ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва огоҳӣ аз таърих гузаронида мешавад ва чорабинии имрӯза ҳам идомаи ҳамин иқдомҳои бахши кор бо ҷавонони донишкада мебошад.


Шуъбаи иттилоот