Аз ҷараёни тақсимоти китобҳо ба омӯзгорон

Дирӯз, санаи 23.05.2023с. аз ҷониби кормандони китобхонаи илмӣ – электронии донишкада ба омӯзгорон ва кормандони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои мутолиа дар таътили тобистона, якчанд адад китобҳои бадеӣ тақсим карда шуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот масъулини китобхона иттилоъ доданд.

Аз ҷониби омӯзгорон оид ба дастрасии баъзе китобҳо дархостҳо низ буданд, ки аз тарафи кормандони китобхона ба инобат гирифта шуд.

Асарҳои зерин “Дохунда”, “Ғуломон”, “Субҳи ҷавонии мо”, “Чойхонаи лаби ҷар”, “Рубоиёт”, “Шоҳнома”, “Паёмбари ишқ”, “Симбоднома”, “Ғазалиёт” ва ғайра ба устодон дастрас карда  шуд.