Аз ҷараёни таҷрибаомӯзии таълимӣ- шиносоии донишҷӯён

Тибқи ҷадвали Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз санаи 22.05.2023с. донишҷӯёни бахши 2, ихтисосҳои 510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ ва 510101 – Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок факултети корҳои кӯҳӣ кафедраи Геология ва корҳои нафту газ дар корхонаҳои саноатии “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум”, ҶМДММ «Петролеум Сугд», ва ҶСК «Суғднафтугаз» корҳои таҷрибаомӯзиро оғоз намуданд.
Донишҷӯёни ихтисоси 510101 – геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, бо сохторҳои зерини корхонаи КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум” шинос шудаанд: сехи сангмайдокунӣ, лабораторияи кимиёвӣ, осорхонаи минералогӣ, утоқи минералогӣ ва петрографӣ. Ба ғайр аз ин бо донишҷӯён, шиносоӣ бо технологияи коркарди санг дар ҶДММ “Элегант” низ ба нақша гирифта шудааст.
Донишҷӯёни ихтисоси 510202 – коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ, бо сохторҳои зерини корхонаҳои ҶМДММ “Петролеум Суғд” ва ҶСК “Суғднафтугаз” шинос шудаанд: минтақаи истиҳроҷи нафт №2 “Зархок”, минтақаи санҷиши қубурҳои насосию компрессорӣ бо роҳи опрессовка, парки агрегатҳои корхонаҳо, минтақаи истиҳроҷи нафт №3 “Конибодом”, маркази ҷамъоварӣ ва омодасозии маҳсулоти чоҳҳои нафт дар шаҳри Конибодом, минтақаи пармакунии чоҳҳои ҷустуҷӯии № 16 ва №17 дар майдони Маҳрам. Ба ғайр аз ин бо донишҷӯён, шиносоӣ бо баратараф намудани ҳолати садамавии чоҳи №16 майдони Маҳрам низ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд қайд намуд, ки роҳбарони таҷрибаомӯзӣ, ки аз тарафи корхонаҳои саноатӣ таъин карда шудаанд, саҳми арзандаи худро барои баланд бардоштани дониши таҷрибавии донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон гузоштаанд.