АЗ ХАТАРҲОИ АСР ЭМИН БОШЕМ!

Ҳама вақт инсон дар байни ду қувва: яке ақл ва дигаре нафс қарор дорад. Ҳар яке кўшиш менамояд, ки бартарии худро нишон дода, вуҷуди ўро тасарруф намояд. Инсон ниёзмандеро мемонад, ки дар талоши манфиат бояд ба яке майл намояд. Инсон метавонад ҳар якеро то ҳаддӣ имкон истифода бурда дастболо гардад. Барои ин ба одам шууру хиради такомулёфта шарт аст, чунки танҳо ин ду сифати вай метавонанд, инсонро ба роҳи наҷот ҳидоят намояд. Акл худ тўҳфаи худованд мебошад ва модарзодӣ ирсӣ буда дароянда бо гузашти солҳо  ва омўзишу тарбия метавонад ба хиради волою шуури мукаммал  мубаддал гардад.

       Мутаасифона, масъалаи интихоби ақл ва нафсро на ҳама дуруст ҳал менамояд. Чуноне, ки хирадмандон ба хулосае омадаанд: «Панҷ панҷа баробар нест».

       Аз ҳамин сабаб, қонуну дастурҳои пешгирикунанда ва оилаву дигар зинаҳои ҷамъияти инсонӣ  дар талоши онанд, ки бо ҳар роҳ тавонанд падидаҳои ғайрибашариро маҳкум намуда, роҳи ташаккули онҳоро маҳдуд намоянд.

     Дар замони муосир низ падидаҳои номатлуб аз қабили терроризму экстремизм, зўроварӣ, одамрабоӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, амалҳои коррупсионӣ, тамоюли равнақёбӣ дошта, ба проблемаҳои глобалии инсоният табдил ёфтаанд. Гуфтан мумкин аст, ки  гурўҳҳои махсус дар ин раванд манфиатҳои худро  ёфтаанд.

     Дар замони ҳозира махсусан ҷавонон бо дастрасии шабакаҳои ИНТЕРНЕТӢ машғул буда вақти худро бештар бо он мегузаронанд, ба ҷои он ки китоб хонанд, маҷаллаҳоро варақ зананд ва шахси бо ақлу солим шаванд.   

      Чӣ хеле Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадашон ёдоварӣ ва таъкид менамоянд:

     «Терроризм дин, миллат ва ватан надорад». Дар ҳақиқат агар ба ин нуқта диққати ҷиддӣ дода шавад, маълум мегардад, ки диндорро дин намегузорад дар чунин маърака ё ҷамъомад иштирок намояд. Зеро дин ақл аст, дин равшанӣ мебошад ва соҳибақл будану дар равшанӣ чизеро надида даст ба амалиёти ғайриинсониву паст задан, хулосаи ҳамон гуна нафарони бефарҳангу дар тирагӣ қарордошта мебошад. Барои гирифторони ин гурўҳ Ватан, миллат қобили таваҷҷўҳ набуда, онон аз ору номусу виҷдон ва меҳру муҳаббати байниинсонӣ, хештандорӣ бебаҳраанд ва дар ҳоли танҳоию бечорагӣ қарор доранд асосан як зумра ҷавонон.

      Бинобар ҳамин ҳар фарди Ватанхоҳро зарур аст, ки ба тарбияи насли ҷавон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Албатта ин осон нест. Чуноне, ки дар боло қайд намудем як зумра ҷавононе пайдо мешаванд, ки аз мутоилаи китоб дида шабакаҳои интернетиро беҳ медонанд, дар байни ҷомеа нутқ гум шуда истодааст, ҳама бо телефон ва интернет муошират мекунанд, китобхони, газетаҳоро мутоила кардан аз байн рафтааст. Дар замонҳои шўравӣ ба китобхонаҳо барои дастрас намудани як китоб соатҳо ба навбат меистодем, ҳоло бошад курсиҳои китобхонаҳо холианд.   Маҳз бо ҳамин сабаб онҳо бо мақсади онҳо ба даст даровардани маблағ ё дигар чизе, ки ваъда дода мешавад гирифтор гашта ҳама чизро барбод медиҳанд.

        Албатта тарбияи ин гуна шахсон кори осон нест. Тарбияи инсон кору савоби хайр бошад ҳам, на ҳама ба моҳияти он сарфаҳм мераванд. Моро зарур аст, ки бо вуҷуди фаровонии проблемаҳо  вақт ёфта, ба масъалаи асосии зиндагонӣ:  ТАРБИЯ машғул шавем, ва дониста бошем, ки дар замони муосир воситаҳои омўзишӣ ва ташвиқоти хеле пешрафтаанд. Инчунин бояд дарк намуд, ки муассисаҳои таҳсилотию тарбиявӣ ва дигар ташкилотҳои мувофиқ бе ҳамкории оилаву волидон наметавонанд ба суди мо кор карда бошанд.

       Назорати оилавӣ ба фарзанди мактабхон, донишҷў ё муҳоҷиру аскарбача ҳатмӣ буда, замон аз мо дар ин раванд тақозо ва масъулияти зиёдтарро талаб мекунад. Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд низ санади саривақтӣ буда, ин масоилро ба танзим даровардааст.

     Чизи дигаре, ки ҷомеаи умумибашариро ба ташвиш овардааст, ин рушд ва доман густурдани бемории ҷинсии БПМНМ мебошад, ки гирифтори ин бемориро қариб куллан марг таҳдид менамояд. Инсоне, ки тарзи ҳаёти солимро пеша ва одати худ намудааст, ҳама вақт ҳангоми вохўрӣ бо шахсони ношинос, истифода аз хизматрасониҳо дар сартарошхонаю дармонгоҳҳо эҳтиёткор буда ва ҳатто дар интихоби ғизо низ хато намекунад.

     Хуллас, хатарҳои замони муосир хеле зиёданду маълумоти муфассал доираи ин мавзўъ  пешниҳод намудан аз имконият берун аст.  Аз ин рў бояд, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки  ақли солими худро аз даст надода тавонад онҳоро пешаки дарку эҳсос  намояд.

    Ҳаминро бояд қайд намоям, ки ҳар як фарди ҷомеа аз болои худ кор кунад.

Исоева М.Қ.

сармуаллимаи кафедраи

сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ