Мулоқот бо хатмкунандагоне, ки мехоҳанд ихтиёрӣ уҳдадории ҳарбии хешро иҷро кунанд

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони донишкада мулоқоти намояндагони комиссариати вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон бо хатмкунандагоне, ки мехоҳанд ихтиёран уҳдадориҳои ҳарбии худро иҷро кунанд, баргузор гардид. 

Муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ҷаласаро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. 

Сипас муовини раиси шаҳри Бӯстон Нурзода Мамнур суханронӣ карда, роҷеъ ба худшиносиву ифтихори миллй, ватандӯстиву иҷрои рисолати ватандорӣ чанд нуктаро таъкид намуд. 

Баъдан намояндаи комиссариати вилояти Суғд ба донишҷӯён чанд машварат дода, ба онон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ пешниҳод кард.