АЗ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РУҲБАЛАНД ШУДЕМ

Ҷаҳони муосир пеш аз оне, ки ба як марҳилаи нав ва техникӣ бигзарад боз дар худ мушкилиҳову масоили печидаи зиёдеро низ дорад. Аҳли сайёра, имрӯз ба ҷуз аз хатар ва проблемаҳои экологӣ боз бо хатарҳои бузурге мисли ифротгароиву терроризм мувоҷеҳ гардидааст, ки инро нодида гирифтан нашояд. Зеро аксарияти миллатҳои хурд ва соҳибзамин ба василаҳои гуногун ва баҳонаҳои зиёд аз байн мераванд, ки сабаби аслияш нодида гирифтани падидаву рӯйдодҳои ҷаҳони муосир мебошад.  Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат  зимни суханронияшон қайд намуданд: “имрӯз вазъи ҷаҳон бисёр мураккабу буҳронӣ гардидааст. Агар баъди ҷанги дуюми ҷаҳон тайи даҳсолаҳо ҷанги сард омили бесуботии дунё гардида бошад, ҳоло терроризму экстремизм ба мушкилоти ҷиддитарини глобалӣ табдил ёфтаанд”.

Ба ҳамин хотир ҳар як шаҳрванди кишварро зарур меояд, то дар остонаи гузариш аз фарҳангу забон ва таърихи миллат ҳифз намояд ва онро ба хуби омӯзаду ба дигарон баҳри муаррифии Тоҷикистони азиз, ки хонаи ҳар яки мост, кӯшиш намояд.  Ватани мо Тоҷикистон имрӯз ба беҳтарин минтақаи сайру сайёҳат ва пешрафтатарин дар минтақа мебошад ва ногуфта намонад, ки ин ҳама дастоварду пешрафтҳо танҳо дар арафаи Истиқлолияти кишвар, зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ҳарчанд душманони миллати тоҷик мехостанд, то кишвари моро пора-пора намояд, аммо ҷасорат, матонат ва ғайрати Сарвари меҳанпарастӣ мо буд, ки имрӯз ин ҳама душвориҳоро паси сар намудем. Албатта, душманон ва хоинону бадбинони  Тоҷикистон имрӯз ҳам дар гӯшаву канори ҷаҳон ҳастанд, вале бояд бо далериву шуҷоат гуфт, ки то Пешвои муаззами миллат ҳастанд, мо метавонем ҳамаи монеагузориҳоро паси сар намоем ва қуллаҳои баландро дар ҷодаҳои зиндагӣ фатҳ кунем. Шукрона мекунем, ки имрӯз дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо баҳри таҳсилу илмомӯзи фароҳам оварда шудааст ва мо метавонем бо истифода аз ин ҳама донишҳои баланди тахассусиро аз худ намуда, баҳри ободиву гулгулшукуфоии кишвар талош варзем.

Суханронии имрӯзаи Пешвои муаззами миллат, албатта моро хеле зери таъсир гузошт ва ҳидоятномаест дар қалбамон, то битавонем аз ҳаррӯза беҳтару хубтар масъулиятпазир бошем ва баҳри ободиву сарсабзии меҳан кӯшишу талош намоем.

                                                                                                             Хайём Муслимзода,

                                                                                            сардори шуъбаи кор бо ҷавонони ДКМТ