РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДОНИШКАДА

Рӯзи дониш дар ДКМТ бо тантанаву маросими хос ва бо ҳузури меҳмонони олимақом пешвоз гирифта шуд. Донишҷӯён ва устодони донишкадаро нахуст ректори донишкада Фозилзода М.М. бо рӯзи дониш табрику таҳният гуфта, ба донишҷӯён соли таҳсили бобарору некро таманно намуд. Ҳамчунин дар баробари ректори донишкада намояндаи МИҲД-и вилояти  Суғд муҳтарам Озифхон Шарифзода, муовини раиси шаҳои Бустон Маҳмудзода Қ. ва меҳмонони дигар , аз ҷумла профессор З. Розиқов директори донишгоҳи  Конфутсий  низ суханронӣ намуда,  донишҷӯёнро ба соли нави хониш табрику таҳният гуфтанд. Сипас аз тарафи роҳбарияти донишкада бо ширкати меҳмонони олиқадр ба 6 нафар  хатмкунандагон дипломи сурхи донишкада тақдим карда шуд.  Баъдан, аҳли толор суханронии Асосгузории сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонрро  тариқи телевизион мустақиман тамошо намуда, донишҷӯёнро ба оғози таҳсил фаро хонданд. Ҳозирин аз суханронии Пешвои муаззами миллат хеле рӯҳбаланд гардида, дар арафаи соли нави хониш рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд. Зимни суханронӣ Пешвои муаззами миллат ба тамоми маорифчиён ва ҳамватанони азиз маслиҳату машваратҳои хуб дода,  баҳри беҳтару хубтар гардидани сатҳи таълиму тарбия ва ҳамзамон бо донишҳои замони муосир фаро гирифтани донишомӯзон таъкидҳо намуданд, ки ин барои пешрафти соҳа мусоидат менамояд.  

                                                                                                                                                     Шуъбаи иттилоотӣ