АЗ ДАҲОНИ МӮР АГАР НОГОҲ АФТАД ДОНАЕ…

Шунидани хабар доир ба баргузор намудани гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин, ки ба санаи 10-уми декабр ба нақша гирифта шудааст, бароям ҳайратовар буд. Онро Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон эълон карда будааст ва гӯё Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз Ҳукумати Тоҷикистон аз зиндон раҳо кардани як гурӯҳ маҳбусонро талаб кардааст.

Сухан дар бораи озод кардани Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров меравад. Маъмулан, ин се нафар зиндониён бо қарори додгоҳ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.Нафароне, ки дар Аврупо ҳастанд ва худро шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, бо баргузории гирдиҳамоӣ мехоҳанд, ки боз ба обрӯи кишвари худ латма зананд.

Дар Берлин гирдиҳамоӣ ташкил намуда боз як бори дигар мехоҳанд, ки обрӯи Ҳукумати Тоҷикистонро паст зананд ва бо ҳамин корашон, ки ба назарашон талаби ҳақиқату адолат мекунанд.

Муҳаммадалии Ҳаит, ки собиқ муовини раиси Ҳизби мамнуъи наҳзат буд ва собит гаштааст, ки он ҳизби террористӣ аст озод карда шавад, яке аз талаботи он гирдиҳамоӣ мегардад. Яъне ин чӣ гуфтанӣ гап аст? Террористро озод кунанд?

Дар гирдиҳамоӣ боз талаб мекунанд, ки рӯйхати террористони кушташуда дар маҳбаси рақами 3/3 шаҳри Хуҷандро нашр кунанд. Ин ҳам барои минбаъд аз хоҷагони хориҷӣ бо нишон додани рӯйхат гирифтани маблағ аст на чизе дигар!

Мақомоти Тоҷикистон хуб кард, ки мурдаи онҳоро махфӣ ва пинҳонӣ ба хок супорид. Фаразан агар ин рӯйхат нашр гардад, барои хешовандон, фарзандони фавтидагон ҳуҷҷати пасткунандаи шаъну эътибор мегардад. Ин корро ҳаргиз ба сомон расонидан мумкин нест. Нашри расмии феҳристи террористони фавтида оқибатҳои нохуштар ба бор меоранд. Аз ин рӯ, талаби гирдиҳаммеомадагон, ки дар санаи 10-уми декабр ба назар дошта шудааст, воқеӣ ва барои Тоҷикистон манфиатбахш нест.

Дар халқ мегӯянд, ки “агар бой шавӣ дида наметавонанд, камбағал шавӣ бардошта наметавонанд”. Душманони миллати мо маҳз аз рӯи ҳамин принсип корбарӣ доранд, ободии кишварро дида наметавонанд, камтарин мушкилиро калон карда нишон медиҳанд. Эълон мекунанд, ки ба ҳама нохушиҳои Тоҷикистон Ҳукумат айбдор ин ва ё онҳои зиёдро паҳн мекунанд.

Неши ақраб на аз пайи кин аст, муқтазои табиаташ ин аст – хос барои онҳо аст.

Зани пастфитрат доимо ба кӯча баромада ба ҳамсоягону бегонагон аз хусуру хушдоману шавҳараш шикоят мекунад, онҳоро бадгӯӣ мекунад. Амали тоҷикони дар аврупобуда низ монанди ҳамин гуна зан аст. Худ пас баҳо диҳед , ки ин чӣ гуна кор аст?

 

Мухтор Эгамов – номзади илмҳои техникӣ,декани факултети электромеханикаи ДКМТ