Маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва фосилавӣ

Давлатзода Давлат Сангин н.и.т., дотсент, Сардори Маркази бақайдгирӣ тестӣ ва фосилавӣ, раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон.

Самтҳои асосии илмӣ:

Асосҳои физикию химиявии тозакунии обҳои шахтавӣ аз металҳои вазнин дар мисоли шахтаи  Васточная, автоматикунонии соҳаҳои нақлиёт,  инчунин ташкили махзани ягонаи электронии фаъолияти нақлиётии корхонаҳои саноатӣ.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали Хизмати шоиста, инчунин медали ҷашнии 25 – солагии ҲХДТ.

Дар соли 2010 Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба ҳайси асисстенти кафедари математикаи олӣ ва информатика, дотсенти кафедраи ҳамлу нақл. Муаллифи зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ 70 адад мақолаҳои оммавӣ 1 адад монография, 2 адад китоби дарси ва воситаи таълимӣ.

 

Саидов Асомиддин Қурбонович, н.и.п., мутахассиси пешбари маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва фосилавӣ

МАРКАЗИ БАҚАЙДГИРӢ, ТЕСТӢ ВА ФОСИЛАВӢ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСОН

 Низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии кишвар ҷавобгў, сафарбар намудани донишҷўён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои хориҷа ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ амалӣ карда шудааст.  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани Низоми кредитии таҳсилот аз соли 2008 инҷониб дар сохтори худ маркази бақайдгириро таъсис додааст.

Маркази бақайдгирӣ – хадамотест, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии  Тоҷикистон, сатҳи азхудкунии дониши донишҷӯёнро оид ба фаъолияти таълимии онҳо дар давраи таҳсил ба қайд мегирад ва натиҷаҳои бадастовардаро  барои таҳлил ва баррасӣ ба деканати факултетҳо пешниҳод менамояд. Баҳри ташкил ва ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии сохтори маркази бақайдгирӣ шодравон  Ниёзов А.М., саҳм гузоштаанд. Вобаста ба мукаммалсозии системаи идоракунии автоматикии раванди таълим бошад, устодон Насриддинов З.З. ва Давлатов Д.С. саҳми босазо гузоштаанд.

Бинобар сабаби ба низоми нави қабули имтиҳонҳои марказонидаи ҷорӣ, ки шабеҳ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз оғози соли хониши 2014 – 2015 дар заминаи Маркази бақайдгирии донишкада Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ ташкил карда шуд. Дар соли аввал 1185 нафар донишҷӯён имтиҳонҳони ҷамъбастиро супориданд, ки пешрафти имтиҳон 68% ва сифатнокӣ 36% – ро ташкил дод. Бо кӯшиш ва ҷаҳту талошҳои кормандони маркази бақайдгирӣ ва тестӣ Давлатов Д.С., Саидов А.Қ, Ашӯров Х.Ё. ва Иноятова Г.С. дар назди факултетҳо се синфхонаҳои компюерӣ бо 60 адад компютерҳои нав таъсис дода шуда, ба шабакаи интернетӣ пайваст гардиданд, ки дар он имтиҳонҳои ҷамъбастӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон сохторҳои раёсати донишкада, факултетҳо ва кафедраҳои амалкунанда ба системаи идоракунии автоматикии раванди таълим пайваст гардонида шуданд. Давра ба давра теъдоди компютерҳо, кормандон ва омӯзгорон зиёд гардида, имрӯз  дар донишкада зиёда аз 400 адад компютерҳо ба системаи идоракунии автоматикунонидашудаи раванди таълим пайваст буда, 200 нафар кормандону омӯзгорон ва тақрибан 3500 нафар донишҷӯён бо кабинетҳои инфиродии алоҳида аз он истифода менамоянд. Инчунин иловатан зиёда аз 140 нафар шаҳрвандони хориҷӣ тариқи фосилавӣ ба тарзи оnline машғулиятҳоро азхуд намуда истодаанд.

Дар донишкада зарурияти ҷорӣ намудани бахши таҳсилоти фосилавӣ ба амал омад, ки раёсати донишкада фаъолияти ин бахшро ба заминаи маркази бақайдгирӣ ва тестӣ ҷой дода, маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва фосилавиро ба роҳ монданд.

Ба зиммаи маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва фосилавӣ ташкили ҳама намудҳои назорати натиҷаҳои донишандӯзӣ ва муайян кардани рейтинги академии донишҷӯёни таҳсилоти бакалавр ва фосилавӣ вогузор карда шудааст.

Дар давраи фаъолияти маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва фосилавӣ барои дар амал татбиқ намудани низоми кредитии таҳсилот системаи идоракунии раванди таълим мукаммал гардида, зина ба зина ҷорӣ карда шуд, ки дар он идоракунии автоматии раванди таълим мутобиқ ба низоми кредитии таҳсилоти олии касбӣ ҷой дода шудааст.

Шуруъ аз оғози соли хониши 2014 – 2015 дар донишкада имтиҳонҳо тариқи компютер ва системаи идоракунии автоматикунонидашудаи раванди таълим ба роҳ монда шудааст. Пас аз ҷорӣ гардидани системаи идоракунии автоматикии раванди таълим дар донишкада сатҳу сифати таълим 25 – 30% боло рафта иштироки донишҷӯён ба машғулиятҳо 95 – 97% – ро ташкил медиҳад.

Системаи идоракунии автоматикии раванди таълим баҳри осон гардонидани фаъолияти корӣ чунин имкониятҳоро дар бар мегирад:

  • омода намудани шаклҳои гуногуни ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии донишҷӯён ва омӯзгорон мувофиқи нақшаҳои корӣ ва фардии таълим;
  • ташкил намудани нақшаҳои таълимӣ, нақшаҳои таълимии корӣ барои гуруҳҳои таҳсилоти бакалавр ва фосилавӣ, баҳисобгирии давомот, холҳои рейтенгӣ ва пешрафти донишҷӯён;
  • ташаккули гурӯҳҳои академӣ ва ҷуфтҳои лексионӣ аз рӯи натиҷаҳои бақайдгирӣ ва интихоби фанҳо;
  • назорати раванди санҷишҳои ҷорӣ, фосилавӣ ва ҷамъбастӣ;
  • таъмини донишҷӯён бо ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрӣ- ҳуқуқӣ аз қабили варақаҳои шахсии таълимии донишҷӯён, шартномаи хониш, транскрипт (маълумотномаи академӣ, замимаи диплом) ва ғайра;
  • ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳони ҷамъбастӣ, муайян намудани рейтинги донишҷӯён ва пешниҳоди онҳо ба деканҳои факултетҳо, ҷамъбасти ҳар як семестр ва  муайян намудани баҳои миёна (GPA)-и соҳибгаштаи ҳар як донишҷӯ, инчунин  мувофиқати он ба меъёри муқарраршуда;
  • ба деканати факултетҳо ва сардори қисми таълим барои таҳлил ва  арзёбӣ пешниҳод намудани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз фанҳои алоҳида баҳои F гирифтанд ё GPA-и онҳо аз меъёри муқарраршуда паст мебошад;
  • ташкили семестри тобистона триместр ва ҷамъбасти натиҷаҳои он;
  • ба донишҷӯ барои назорати доимии пешрафти худ аз ҳар як фан дар реҷаи онлайн ва муқоисаи он нисбати дигар донишҷӯёни гурӯҳ, бахш;
  • ба расмиятдарории нақшаҳои таълимии фардии донишҷӯён ва ворид намудани тағйирот ба онҳо дар мӯҳлатҳои муқарраршуда;
  • таҳияи лоиҳаи фармон ҷиҳати идрорпулӣ ва аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён дар асоси натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ.

Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ яке аз сохторҳои муҳими донишкада ба ҳисоб рафта, раванди фаъолияти он тибқи низоми таҳсилоти фосилавӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ин низом ба роҳ монда шудааст. Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсили ғоибона буда, раванди таълим бо истифодаи васоиту технологияҳои иттилоотӣ ва дар асоси шабакаи ИНТЕРНЕТ ба танзим дароварда шудааст. Фарқияти таҳсилоти фосилавӣ аз намуди таҳсили ғоибона дар он аст, ки пешниҳоди маводи таълимӣ, муносибати байни омӯзгор ва донишҷӯён ба воситаи кабинети инфиродии донишҷӯ ва кабинети инфиродии омӯзгор (машварат семинарҳо дар режими оnline) тавассути ИНТЕРНЕТ амалӣ карда мешавад.

Раванди таълим тариқи низоми фосилавӣ бо воситаи портали омӯзишӣ lms.gmit.tj ба роҳ монда шудааст. Портали мазкур ба талаботи ягонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад. Портал ҳам тариқи шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ва ҳам тариқи шабакаи дохилии донишкада ҳамавақта фаъолият мекунад.