Чораҳо ҷиҳати иҷроиши Барномаи давлатии “Консепсияи ҳукумати электронӣ” тақвият меёбанд

Соли таҳсили 2020-2021 донишкада дар маҷмуъ 369 компутери фардӣ, 63 ноутбук,  75 принтер, 11 доскаи электронӣ, 80 видеопроектор, 69 оинаи (экран ва Screen) видеопроектор,  ва дигар таҷҳизотҳои техники ба кор андохта шуда барои пешрафти раванди таълим дар истифода қарор гирифтаанд.

Тибқи ҳисоботҳои омории маркази ташхиси техникаи компютерии донишкада тӯли ин солҳо дар донишкада зиёда 100 адад хабҳои пайвасткунӣ, 4 адад хабҳои идорашаванда, 3 адад Wi-fi насб карда шудааст, ки зиёда 400 компутерҳои донишкада ва компутерҳои шахсии кормандон ба шабакаи локалӣ ва интернет пайваст мебошад.

Хати нурӣ аз тарафи ширкати  “Тоҷнет” ба масофаи 1,4 км ва ширкати “Мегафон-Тоҷикистон”  ба масофаи зиёда аз 1 км гузаронида шудааст.

         Айни замон дар донишкада се синфхонаҳои компутерӣ вобаста ба факултетҳо, шаш синфхонаҳои компутерӣ дар назди кафедраҳо ва китобхонаи электронӣ ба донишҷуён ва устодон хизмат мекунад, ки ҳамаи компутерҳо ба шабакаи локалӣ пайваст мебошанд.

          Дар маркази ташхис ва хизматрасонии техникаи компутерӣ се нафар корманд кор мекунанд, ки ҳамарӯза ба назорати таҷҳизотҳои техникӣ машғул мебошандю

Компутерҳо бо чунин тарз тақсим карда шудаанд: ба синфхонаҳои компутерии факултетҳо 20 – ададӣ, бунёди синфхонаи нав дар назди кафедраи сохтмон ва графикаи муҳандисӣ 20 адад, китобхонаи электронӣ 20 адад, синфхонаи назди кафедраи сохтмон ва графикаи компутерӣ 20 адад (синфхонаи 305К), бунёди синфхонаи нав дар назди кафедраи математикаи олӣ ва информатика 16 адад ва таҳрези намудани синфхонаҳои ҳозиразамон дар назди кафедраи металлургия бо шумораи 26 адад да ду синфхона ҷудо карда шудааст, ҳамагӣ 178-ададро ташкил медиҳад ва боқимонда компутерҳо ба шуъба ва кафедраҳо тақсим карда шуда мавриди истифода қарор доранд.

         Дар донишкада барномаи компутеркунони ба таври зарурӣ буда, ба ҳукумати электрони гузаштан қадамҳои устувор мегузорад.

         Аксари компутерҳо бо шабакаи интернет пайваст буда назорати он ҳамарӯза ба зиммаи кормандони шуъба вогузор шудааст.

         Мо кушиш менамоем, ки ҳамарӯза таҷҳизотҳои техникии  ба мо вобастакардашуда дар ҳолати омодабош қарор гирад ва дастраси ҳамаи кормандону донишҷуён гардад.

         Донишкада тули шаш сол мешавад, ки барои пур кардани ранги картридҷҳои принтерҳо шартномаи ҳамкори баста, назорати ҳамарузаи он ба зиммаи маркази ягонаи компутерӣ ва ташхис гузошта шудааст.

         Нисбат ба солҳои гузашта истифодабарии компутерҳо хуб ба роҳ монда шуда, зиёда аз 400 компутер ба шабакаи локалии симдор ва 15 компутер бо шабакаи локалии бесим (Wifi) пайваст буда, мавриди истифода карор гирифта истодааст.

         Ҳамаи шуъбаву сохторҳои донишкада ба шабакаи лакалӣ ва интернет пайваст карда шудааст.

         Боиси зикр аст, ки донишкада аз 01.10.2017 ба тарофаи нави интернеттаъминкуни, яъне тарофаи бемахдуд гузашт. Шумораи компутерхои ба интернет пайваст шуда зиёд карда шуд. Аз 01.01.2121 сар карда суръати интернет аз 4096 ба 10240Кб/с гузаронида мешавад.

Тули 5 сол аст, ки  барномаи нави таълимӣ, яъне барномаи автоматикунонидашудаи раванди таълим ба кор шуруъ кард, ки якчанд пунктҳои ососии он дар ҳолати кори қарор дорад.

         Соли равон бо ташабуси раёсати донишкада барои боз ҳам пурсамар гузаштани машғулиятҳо дар донишкада, таҷҳизотҳои техникӣ ба монанди компутер, ноутбук ва доскаву проекторҳо харидори карда шуд. Бояд қайд намуд, ки ба ҳар як кафедраи тахассуси боз аз як то чор проектор, экран ва таҷҳизоташ таъмин карда мавриди истифода карор гирифта истодааст.

         Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси райсати донишкада ва шуъбаву сохторҳои дахлдор бунёди маркази нави имтиҳонсупорӣ, яъне тестӣ ба нақша гирифта шудааст.  Тибқи нақша  бо 100 компутерҳои замонавӣ таҳрези карда мешавад.