Китобхонаи илмӣ-электронӣ

Директори китобхонаи илмӣ – электронӣ

Танжихолова Шаҳноза Умедовна

Таҳсил:

Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Н.Хусрав

Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, ангилисӣ

Тел: +992926316162

E-MAIL: Shahnozakhon@mail.ru

 

Китобдори дараҷаи 1:

Минакова Турсунмоҳ

Таҳсил: Донишкадаи санъат ба номи М.Турсунзода

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ

Тел: +992926082253

Мутахассиси китобхонаи электронӣ:

Шеров Зоҳир Мирарабович

Таҳсил: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ ва англисӣ

Тел: +992928316767

E-MAIL: z.arabovich@mail.ru

 

Китобхонаи марказии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон   соли 1951 бо баробари ташкилёбии Политехникуми Осиёимиёнагии шаҳри Бӯстон таъсис ёфтааст. Китобхона аз толори китобнигоҳдорӣ ва 1 толори қироати китоб иборат буд. Фонди умумии китобҳо 79246 номгӯйро ташкил медод.

Вобаста ба асосии фаъолияти Политехникум қисмати асосии фонди китобҳоро адабиётҳои техникӣ ташкил медод. Ҳайати кормандон аз 3 нафар: директори китобхона ва 2 нафар корманд иборат мебошад.

Баъди ба Коллеҷи кӯҳӣ-металлургӣ табдил ёфтани Политехникум ба фонди китобхона қисман бошад ҳам, адабиётҳои хусусияти соҳавидошта ворид гардиданд. Соли 2006 баъди ташкилёбии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон базаи моддӣ-таълимии китобхона васеъ гардид. Аз он ҷумла, дар назди китобхонаи марказӣ соли 2011 китобхонаи электронӣ таъсис ёфт, ки ин барои бо адабиётҳои зарурӣ таъмин намудани донишҷӯёну устодон нақши муҳим мебозад ва дорои 933 адад китобҳои электронӣ мебошад.

Китобхона яке аз сохторҳои таркибии асосии донишкада маҳсуб ёфта, фаъолияташ ҳамаҷониба ба таъмин намудани кормандон, омўзгорон ва донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ, бадеӣ, илмию сиёсӣ ва матбуоти даврӣ равона гардидааст.

Имрӯзҳо китобхонаи марказии донишкада аз 2 толори китобнигоҳдории муҷаҳҳазонидашуда, 1 толори  барҳавои китобхонӣ ва 1 толори китобхонаи электронӣ иборат аст.

Дар китобхона шӯъбаҳои адабиётҳои илмӣ-оммавӣ, адабиётҳои техникӣ фонди асосии китобхона зиёд гардида истодааст.

Ҳар сол аз ҳисоби ворид гардидани адабиётҳои таълимӣ-методӣ ва илмӣ-техникӣ фонди асосии китобхона зиёд гардида истодааст. Айни замон Фонди умумии китобхона 121 363 ададро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 49.6 % адабиёти таълимӣ, 32.9 % адабиёти бадеӣ, 17.5 % адабиёти илмиро ташкил медиҳад. Инчунин шумораи китобҳо ва маводҳои таълимии электронӣ ба 13 185 адад мерасад, ки дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2020-2021 ҳамагӣ 1788 нафар донишҷӯён аз китобҳои электронӣ истифода намудаанд.

Китобхонаи донишкада бо китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд робитаву ҳамкориҳои судманд дорад. Китобхонаи марказии донишкада дар ташкилу гузаронидани чорабиниҳои илмӣ, фарҳангию фароғатӣ, конференсияю симпозиумҳо, намоиши китобҳо ва дар маҷмӯъ барои тайёр намудани мутахассисони ватанӣ барои соҳаи саноати кӯҳӣ-металлургӣ нақши муҳим мебозад.