Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони Донишкада бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ва 35-соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофаринӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор” бо ширкати меҳмонони арҷманд, шахсиятҳои саршинос ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ баргузор гардид. Чорабиниро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Шаҳноза ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши истиқлол дар сарнавишти миллати тоҷик, эҳёи давлатдории навини тоҷикон, таҷрибаи сулҳофаринӣ дар мамлакат, сиёсати дарҳои боз ва рушди кишвар дар 35 -соли соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуд.
Сипас, дар конфронс ходими давлатӣ, профессор Назира Ғаффорӣ, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, ёрдамчии раиси Суди шаҳри Бӯстон Шарифзода Н. ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид суханронӣ намуданд.
Дар конфронси имрӯза, қайд карда шуд, ки маҳз истиқлолият саҳифаи наверо дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боз намуд. Истиқлолият бар миллат саодат ва шараф бахшид, имконият фароҳам овард, то фарҳанги миллати тоҷик аз нав эҳё карда шавад. Тоҷику тоҷикистонӣ бо шарофати истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳон муаррифӣ гардид.
Таъкид карда шуд, ки истиқлолиятро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳким бахшиданд ва миллати тоҷикро аз парокандагиву давлатро аз нестӣ наҷот доданд. Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлол ва касб намудани шуҳрати ҷаҳонии Тоҷикистон бениҳоят бузург мебошад. Маҳз зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат миллати тоҷик бар хушҳоливу хушрӯзӣ расид ва дар 35-соли истиқлолият кишвар ба таври бесобиқа тараққӣ намуд.
Ташаккули институтҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, рушди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, бунёди роҳҳо ва нақбҳову неругоҳҳо барои беҳбуд бахшидани зиндагии аҳолӣ аз муҳимтарин ташаббусҳое мебошад, ки дар даврони истиқлол сурат гирифт ва ҳазорҳо мушкили қаблан мавҷудбудаи аҳолиро осон намуд.
Шуъбаи иттилоот




