Имрӯзҳо мо тамоми халқи тоҷик чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар 35 -умин солггарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу таъби болида дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ ҷашн гирифта истодаем. Дар ин рӯзҳои ҷашн ҳар як фарди калонсоли кишвар хоҳ нохоҳ саҳифаҳои зиндагии худро варақгардон намуда, аз дастовардҳои даврони истиқлол дар ҳамаи соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ шоду мамнун мегардад. Ин ҳама аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Барои он, ки насли наврас ин дастовардҳои даврони истиқлолро дуруст дарк кунад, аз зиндагии осоиштаву пурбаракоти худ фахр кунад бояд саҳифаҳои таърихи кишвари худро омӯзад ва вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯзаро дуруст ташхис бидиҳад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳол баъзе ашхос аз зиндагии гӯё шоистаи даврони шӯравӣ сухан меронанд, бо кор таъмин будан, ба таҳсил фаро гирифта шудани насли наврас, нархҳои дастрасро дар бозору мағозаҳо ва дигар масъалаҳоро мисол меоранд, ки инро давлати абарқудрати шӯравӣ дар давоми 70 сол соҳиб гашта буд. Дар асл ин даврон ягон даври афсонавӣ набуда, дар ҳар минтақа мушкилоти худро дошт, халқ бо кор ва таъминоти ҳадди ақал таъмин буд, вале аз таъриху фарҳанг ва урфу одатҳои миллии худ торафт дур мешуд. На ҳар як оила имконияти харидани автомобил, саёҳати давлатҳои хориҷа ва ё сохтани манзилу хонаи истиқоматиро дошт. Насли калонсол хуб дар ёд доранд, ки барои сохтани як хонаи истиқоматӣ (хусусан дар деҳот, ки аксари аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ мекарданд) аҳли оила (падару модарон бо фарзандон) меҳнати пурмашаққати тулонӣ мекарданд. Пас аз пош хурдани ин давлати абарқудрат ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, энергетикиву комуникатсионӣ, ки тобеи марказ буданд, хусусан дар Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон якбора аз фаъолият бозмонд. Дар тамомии собиқ ҷумҳуриҳои Осиёи миёнаи собиқ давлати шӯравӣ муҳоҷирати меҳнатӣ авҷ гирифт Ин аз он далолат медиҳад, ки дастовардҳои 70 солаи даврони шӯравӣ ягон асоси миллӣ надоштанд, Тоҷикистон ҳамчун манбаъ ва истеҳсолкунандаи ашёи хом ва аҳолии он ҳамчун қувваи кории арзонтарин ба ҳисоб мерафт. Барои идома додани фаъолияти корхонаҳо ва технологияҳои мавҷуда кадрҳои маҳалӣ набуданд, алоқаҳои истеҳсолӣ-иқтисодӣ бо дигар ҷумҳуриҳо канда шуда буд.
Баъд аз соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 35 сол роҳи пурмашаққати баромадан аз ин буҳрони сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоиро тай намуд. Ин роҳро халқи тоҷик бо сарварии Пешвои миллати худ сарбаландона тай намуд ва соҳиби зиндагии шоиста гардид.
Дар шароити кунунӣ, ки равандҳои глобализатсия ва ҷанги иттилоотӣ авҷ гирифтааст, кори тарбиявӣ дар байни ҷавонон ба яке аз самтҳои асосии амнияти миллӣ ва идеологии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ҷавонон ҳамчун гурӯҳи таъсирпазири ҷомеа бештар мавриди ҳадафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ қарор мегиранд. Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолӣ зиёда аз 10,7 милион нафар, яъне қариб 2 маротиба афзуда, дарозумрӣ аз 62-64 то 72-73 сол афзоиш кард. Сину соли миёнаи шаҳрвандон 22,5-23 сол буда, зиёда аз 30%-и аҳолиро кӯдакон ва наврасони то 15 сола ташкил медиҳад. То ҳол қувваҳои мухолифини сиёсӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои таъсиррасонии идеологии масофавӣ наврасону ҷавононро ба гумроҳӣ бурда, барои амалисосии мақсадҳои ғаразноки худ истифода баранд. Онҳо аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва динии ҷавонону наврасон истифода бурда бо тафсири нодуруст ва рӯякӣ аҳкоми диниро паҳн мекунанд, омили осебпазирии муҳоҷиратро ҳадафи асосии худ қарор медиҳанд.
Аз ин ҷост, ки барои он ки насли наврас қадру қиммати истиқлолияти давлатии худро дуруст дарк кунад, хусусиятҳои хоси ба даст овардан ва ташаккули истиқлолиятро дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд донад ва тарбияи ононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ дар мадди аввал гузошта шавад. Насли наврас бояд дуруст дарк кунад, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсири омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, геополитикӣ ва идеологӣ (тез паҳн шудани ғояҳои радикалӣ аз таъсири омилҳои берунаи бесуботӣ (ҳамсарҳадӣ бо кишварҳои осебпазир) ва қувваҳои дохилӣ хусусиятҳои худро доштанд. Раванди ба даст овардани истиқлолият аз ҷониби ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар охири асри XX хусусияти бисёромила дошт. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин марҳилаи таърихӣ бо фоҷиаборӣ ва хусусияти хоси худ фарқ мекард. Бар хилофи бисёр ҷумҳуриҳои дигари собиқ шӯравӣ, ки соҳибихтиёрӣ дар шароити нисбатан устувори сиёсӣ ба даст оварда шуда буд, Тоҷикистон бо равандҳои мушкилот рӯбарӯ шуд.
Хусусияти ба даст овардан ва ташаккули истиқлолият дар Тоҷикистон аз он иборат аст, ки эълони ҳуқуқии соҳибихтиёрӣ дар таърихи 9 сентябри соли 1991 танҳо нуқтаи оғози роҳи тӯлонӣ ва душвор гардид. Истиқлолияти воқеӣ тавассути паси сар кардани низои шаҳрвандӣ, азнавсозии институтҳои ҳокимият ва коркарди модели беназири оштии миллӣ ба даст оварда шуд ва ҳифз гардид. Таҷрибаи Тоҷикистон исбот кард, ки шарти калидии ҳифзи истиқлолият таъмини созгории дохилӣ, хусусияти дунявии давлатдорӣ ва таҳкими амнияти миллӣ мебошад.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд ба нуқтаи гардиши калидӣ табдил ёфта, асосҳои қонунии ҳокимияти иҷроия ва қонунгузорро эҷод намуд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақил дар раъйпурсии умумихалқии 6 ноябри соли 1994 хусусияти дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва воҳидии давлатро муқаррар кард.
Таҷрибаи Тоҷикистон исбот кард, ки шарти калидии ҳифзи истиқлолият таъмини ваҳдати миллӣ, хусусияти дунявии давлатдорӣ ва таҳкими амнияти миллӣ мебошад.
Ҷашнгирии ботантана ва бошукуҳи рӯзҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, ҷашнҳои миллии таърихӣ ва гиромӣ доштани ёдбуди олимону мутафаккирони халқи тоҷик хусусан бо ҷалби васеи ҷавонону наврасон низ яке аз роҳҳои тарбияи ватандӯстӣ, худогоҳиии миллӣ ва қадршиносии онҳо мебошад.
Усмонов Ш.Ҷ.
муаллими калони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
