Бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуби амсоли экстремизм ва терроризм заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм пайваста саҳми назаррас гузошта, бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои шарик ҳамкории густурда ба роҳ мондааст.
Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи муқовимат бар экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030-ро қабул намуд, ки он идомаи мантиқии сиёсати давлатӣ дар самти таъмини амнияти миллӣ мебошад. Стратегияи мазкур ба такмили низоми пешгирӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, истифодаи технологияҳои муосир, баланд бардоштани устувории ҷомеа нисбат ба идеологияҳои ифротӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм соҳиби мавқеи устувор буда, ҷиҳати пешгирии ин падидаҳои номатлуб чораҳои қатъӣ андешидаистодааст.
Дар ин замина, тарбияи ватандӯстӣ дар байни донишҷуён ҳамчун омили муҳими пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ эътироф шудааст.
Тарбияи ватандӯстӣ раванди мақсадноки ташаккулдиҳии ҳисси муҳаббат ба Ватан, ифтихори миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки тарбияи ватандӯстӣ бояд дар рӯҳияи эҳтиром ба истиқлолият, ҳифзи давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик сурат мегирад.
Моҳияти тарбияи ватандӯстӣ дар он аст, ки он дар дили ҷавонон ҳисси муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанги миллӣ, масъулият нисбат ба ояндаи кишвар ва хоҳиши хизмат ба Ватанро ташаккул медиҳад, ки ин ҳиссиёт ва арзишҳо боиси он мегарданд, то ҷавонон ба ҳама гуна таҳдидҳо ба Ватан, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, бо диди интиқодӣ нигариста, аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро худдорӣ кунанд.
Тарбияи ватандӯстӣ ҳамчун омили муҳими пешгирии терроризм ва экстремизм дар байни донишҷуён нақши калидӣ мебозад, ки ин нақшро метавон дар якчанд самт таҳлил кард.
Ташаккули ҳисси муҳаббат ба Ватан – тарбияи ватандӯстӣ дар дили донишҷуён ҳисси муҳаббат ба Ватанро ташаккул медиҳад. Вақте ки ҷавон Ватанро дӯст медорад, ӯ ба ҳама гуна таҳдидҳо ба Ватан, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, бо дидаи манфӣ нигариста, аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро худдорӣ мекунад.
Ин ҳисс боис бар он мегардад, ки ҷавон барои ҳифзи Ватан, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ омода бошад, зеро ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз тарбияи ватандӯстӣ оғоз гардида, боиси баланд гардидани эҳсоси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар ниҳоди донишҷуён мегардад.
Вақте ки ҷавон таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро медонад ва ба онҳо ифтихор мекунад, ӯ ба мафкураҳои бегона ва ифротгароӣ таъсирпазир намешавад. Худшиносӣ боиси он мегардад, ки ҷавон ҳувияти миллии худро шинохта, ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки ҳувияти миллиро инкор мекунанд, шомил нашавад.
Ташаккули маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ – тарбияи ватандӯстӣ боиси ташаккули маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар донишҷуён мегардад, ки донишҷуён бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои зидди терроризм ва экстремизм, шинос шуда, оқибатҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳоро медонанд.
Ин маърифат боис мегардад, ки ҷавонон қонуншиканиро роҳи ҳалли мушкилот надониста, аз рафтори ғайриқонунӣ худдорӣ кунанд,зеро ташаккули арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ – тарбияи ватандӯстӣ боиси ташаккули арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар донишҷуён мегардад.
Арзишҳои миллӣ боиси он мегарданд, ки ҷавон роҳи миёнаравӣ, сулҳдӯстӣ ва ваҳдатро интихоб намояд, зеро ташаккули масъулият нисбат ба ояндаи кишвар – тарбияи ватандӯстӣ боиси ташаккули масъулият нисбат ба ояндаи кишвар дар донишҷуён мегардад.
Вақте ки ҷавон масъулият нисбат ба ояндаи Ватанро ҳис менамояд, ӯ кӯшиш мекунад, ки ба рушди кишвар саҳм гузорад, ки ин масъулият боиси он мегардад, ки ҷавон ба ҷои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ба корҳои ободонӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ машғул шавад.
Имрӯз, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақти ғанимати донишҷўён, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем.
Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Абдуллоева Д.К.
ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
