Имрӯз дар факултети металлургияи Донишкада маҳфили навбатии донишҷӯён —”Дӯстдорони автомобил” баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини декан оид ба илми факултети металлургия, омӯзгорон ва донишҷӯёни бахшҳои сеюм ва чоруми ихтисосҳои 440101-1 ва 370107 ширкат варзиданд.
Маҳфилро омӯзгори калони кафедраи мазкур Ғаффоров Хушрӯз, ки роҳбарии маҳфили бар ӯҳда дорад, ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба рӯзномаи маҳфил, масъалаҳои баррасишаванда ва нақши автомобил дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеа маърӯза намуд.
Ҳамзамон, дар маҳфили имрӯза, донишҷӯён дар мавзуи “Рақобати ҳамлу нақли борҳо дар нақлиёт” суханронӣ намуда, мавзуъро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни баргузории маҳил ҳамчунин омӯзгори кафедра Эшонқулов И.А. муовини декани факултети металлургия оид ба корҳои илм Қодирова Маҳина суханронӣ намуда, ба донишҷӯён машваратҳои муҳими соҳавиро ироа намуданд.
Ҳамчунин, дар фарҷоми ҷаласаи маҳфил мудири кафедраи нақлиёти автомобилӣ ва хидматрасонии логистикӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент Бобоев Раҳимҷон маъруза намуда, роҷеъ ба муҳимияти мавзуъ, корбурди он дар истеҳсолот, рафъи мушкилот ва ҳалли муаммои вобаста ба онро ба донишҷӯён гуфта гузашт.
Таъкид карда шуд, ки дар шароити феълӣ донистани ин мавзуъ барои мутахассисони ҷавон ва самтӣ хеле муфид мебошад.
Шуъбаи иттилоот




