
Директори ДК дар назди ДКМТ: Насриддинов Замониддин Зайниддинович
Соли таваллуд: 22.06.1984
Ҷои таваллуд: н. Мастчоҳ
Миллат: тоҷик
Маълумот: соли 2006 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, соли 2013 Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Руссия ба номи Серго Орҷоникидзе (аспирантура), соли 2014 Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (фосилавӣ)
Ихтисос: Муҳандис-системотехник, муҳандис – металлург, сангшинос
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои геологӣ-минералогӣ, экперти сангҳои қиматбаҳо
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст ё не: медали “Хизмати шоиста” -2020
Дастовардҳо: Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”- 2015;
Аъзо-креспонденти Созмони байналималии об – IWA -2018
Аъзо-креспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон -2019;
Профессори фахрии Донишкадаи Ланҷоуи Чин – 2021;
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 5 фарзанд
Суроға: ш. Бӯстон, маҳаллаи Наврӯз, хонаи 7/15
Кор ва фаъолият, собиқа:
|
Солҳо |
Мансаб бо нишон додани номи мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилот |
|
2007-2009 |
Ассистенти кафедраи «Математикаи олӣ ва информатика»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон |
|
2009-2011 |
Роҳбари маркази бақайдгирии низоми кредитии таҳсилоти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон |
|
2011-2013 |
Аспиранти шӯъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Руссия ба номи Серго Орҷоникидзе |
|
2013-2015 |
Декани факултети корҳои кӯҳӣ, номзади илмҳои геология ва минералогия |
|
2015 -2021 |
Муовини ректор оиди ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон |
|
2021-2025 |
Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, (муовини аввал)-и, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон |
|
аз 28.08.2025 |
Директори Институти Конфутсий дар назди ДКМТ |
Директори ДК дар назди ДКМТ: Сун Даман
Донистани забонҳои хориҷӣ: Русӣ, Англисӣ ва Украинӣ
- Тел: +99292 000308688
- E-mail: rengengtian@upc.edu.cn
- Суроғаи корӣ: куч. Баротов 6, бинои 2
Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Дафтари Марказии Институтҳои Конфутсий барои рушд ва дастгирии омӯзиши забони хитоӣ, инчунин устувор гардонидан ва инкишоф бахшидани робитаҳои дуҷонибаи фарҳангӣ ва илмӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои дӯстона байни халқҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Мардумии Чин, дар чорчӯбаи чорабиниҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва доираи Барномаҳои ҳамкории ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳурии Мардумии Чин 13 сентяюри соли 2014 ба имзо расид.
20 августи соли 2015 байни ДКМТ ва Донишгоҳи нафти Чин Шартнома оиди таъсиси Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон дар вазъияти ботантана баста шуд.
Мақсад ва вазифаҳои асосии Донишкада инҳо мебошанд:
- Густариши муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо, рушди ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон ба воситаи омӯзиши забон ва фарҳанги Хитой;
- ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи маорифу илм, татбиқи барномаҳо дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯёну мутахассисон, хамкорӣ оид ба давом додани омӯзиш дар магистратура ва аспирантура бо муассисаҳои таълимии Хитой ва ғайраҳо..
Донишкадаи Конфутсий фаъолияти худро расман аввали соли 2016 шурӯъ намуд. Айни замон дар Донишкада курсҳои омӯзиши забони хитоӣ ташкил карда шуда, садҳо шунавандагон ин курсҳоро хатм намуданд ва соҳиби сертификат гардиданд. Донишкада ҳуқуқи қабул кардани имтиҳони байналхалқӣ оид ба дониши забони хитоӣ, ки HSK ном дорад, соҳиб мебошад. Хатмкунандаҳои курсҳои омӯзиши забони хитоӣ баъди анҷом додани дарсҳо метавонанд дар Донишкада имтиҳон супорида соҳиби дараҷаҳои 1-6 HSK гарданд.


